Ҳокимияти судӣ яке аз рукнҳои асосии ҳокимияти давлатӣ ва пояи бунёдии давлати ҳуқуқбунёд ба ҳисоб рафта, вазифадор аст, ки адолати иҷтимоиро таъмин карда, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин манфиатҳои давлат ва ҷомеаро ҳифз намояд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди ҳокимияти судӣ бо роҳи ислоҳоти амиқи ҳуқуқию сохторӣ ва дар асоси меъёрҳои Конститутсия амалӣ мегардад.
Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар мамлакат зарурати ислоҳоти судӣ ба амал омад. Ин ислоҳот ба беҳтар намудани сифати кории судҳо, боло бурдани сатҳи ҳифзи ҳуқуқи инсон, тақвияти қонуният ва таъмини адолати иҷтимоӣ равона гардид.
Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 1994) оғози марҳилаи сифатан нав дар рушди низоми ҳуқуқӣ, аз ҷумла ҳокимияти судӣ гардид.
Месазад зикр намоем, ки бори нахуст дар моддаи 9-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби ташкил ва таҷзияи ҳокимияти давлатӣ ифода гардид, ки мувофиқи он ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ карда мешавад.
Ин имкон дод, ки шохаҳои ҳокимияти давлатӣ дар асоси принсипи боздорӣ ва мувозинат, мустақилона, бидуни дахолат ба фаъолияти ҳамдигар ташаккул ёфта, ба нафъи ҷомеаи Тоҷикистон хизмат намоянд.
Конститутсияи Тоҷикистон моҳияти ҳокимияти судӣ ва мақсаду вазифаҳои онро муқаррар намуда, чунин меъёрро пешбинӣ кардааст: «Ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судҳо амалӣ мегардад. Ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо ва қонунияту адолатро ҳифз менамояд». Яъне, судяҳо ҳангоми ба амал баровардани адолати судӣ мустақил буда, фаъолияти худро аз номи давлат амалӣ менамоянд ва танҳо ба қонун итоат менамоянд.
Мавриди қайд аст, ки Пешвои муҳтарами миллат аз рўзҳои аввали сарвариашон ба њокимияти судӣ ва таҳким бахшидани фаъолияти он таваҷҷўҳи хоса зоҳир менамоянд.
Бояд гуфт, ки то замони қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакат танҳо судҳои умумӣ амал мекарданд. Баъдан бо ислоҳоти судӣ ва қабул гардидани қонунҳои марбут ба фаъолияти судҳо ниҳодҳои зерин таъсис дода шуданд:
Суди конститутсионӣ — барои назорати риояи Конститутсия ва мувофиқати қонунҳо ба он, инчунин Судҳои иқтисодӣ ва Судҳои ҳарбӣ таъсис дода шудаанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳокимияти судиро яке аз пояҳои муҳими давлатдорӣ арзёбӣ намуда, пайваста барои такмил ва таҳкими он иқдоми муассирро амалӣ менамоянд. Аз ҷумла, бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 1995 якчанд қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тартиби ташкил ва фаъолияти мақомоти судиро ба танзим медаровард қабул гардиданд. Яъне, Қонунҳои конститутсионӣ «Дар бораи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи судҳои иқтисодӣ», «Дар бораи судҳои ҳарбӣ», «Дар бораи мақоми судяҳо » ва «Дар бораи сохтори
судҳо» буданд. Сипас бо мақсади танзими якхелаи фаъолияти мақомоти судӣ ин қонунҳо такмил дода шуда, 6 августи соли 2001 дар як Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» муттаҳид карда шуда, қонунҳои конститутсионии дар боло зикргардида аз эътибор соқит дониста шудаанд.
Ба хотири таҳкими ҳокимияти судӣ ва таъмини мустақилияти судҳо бо ташаббуси бевоситаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Амалӣ шудани ин меъёрҳои конститутсионӣ ва таъмини воқеии кафолати мустақилияти судҳо бо роҳи аз тобеияти Вазорати адлия баровардан ва ҳалли масъалаҳои таҳия намудани таклифҳо вобаста ба гузаронидани ислоҳоти судӣ, такмили низоми судиву ҳуқуқӣ, интихобу пешбарии номзадҳои арзанда ба вазифаи судя, ҳамзамон, баланд бардоштани нақш ва мавқеи ҳокимияти судӣ ва ғайра таъсиси сохтори алоҳидаро тақозо менамуд. Таъсиси Шӯрои адлия тақозои замон буд ва татбиқи амалии сиёсати давлат оид ба ҳокимияти судӣ ба шумор мерафт.
Дар ин замина, суханони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бамаврид мебошанд: «Ин дигаргуниҳои куллӣ маҳз ба хотири идома бахшидан ба ислоҳоти ҳуқуқӣ ва таъмини мустақилияти ҳокимияти судӣ равона гардида, ба талаботи давру замон мувофиқ мебошанд».
Судҳо дар амалисозии адолат, танзими баҳсҳо ва ҳифзи ҳуқуқҳои шахсӣ ва ҷамъиятӣ бояд танҳо ба Конститутсия ва қонунҳо такя кунанд. Кормандони мақомоти судӣ на танҳо ба ҳалли баҳсҳо машғул ҳастанд, балки адолатро барқарор ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро ҳимоя мекунанд. Ҳамин аст, ки бе мавҷудияти як низоми судии одилона ва самаранок зиндагии орому ҳуқуқбунёд имконнопазир аст.
Бо дарназардошти он ки мақомоти судӣ ба ҳайси рукни алоҳидаи ҳокимияти давлатӣ эътироф шудааст, марҳалаи аввали ислоҳоти судӣ – ҳуқуқӣ оғоз гардида, вазифаҳои ҳокимияти судӣ ба таври мушаххас дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардашуд.
Дар иртибот ба ин масъалаҳо бояд зикр кард, ки Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо баназар гирифтани аҳамият, нақш ва мавқеи ҳокимияти судӣ дар таҳкими қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон пайваста таваҷҷӯҳи хос зоҳир менамоянд. Аз ҷумла як қатор санадҳои ҳуқуқие қабул гардидаанд, ки заминаҳои қабули онҳо ислоҳоти конститутсионӣ буда, ин аснод дар тақвият бахшидани фаъолияти мақомоти судӣ нигаронида шудаанд.
Ҳамзамон, соли 2003 барои тайёр намудани мутахассисони сатҳи баланд Маркази таълимии судяҳо таъсис дода шуд,ки ин марказ ба омӯзиши касбӣ ва такмили ихтисоси судяҳо фаъолияти пурсамар дорад.
Дар асоси Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз 20 апрели соли 2006 Барномаи якуми ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ таҳия ва бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июни соли 2007 тасдиқ гардид.
Тибқи ин Барнома бобати амалӣ намудани ислоҳоти судӣ — ҳуқуқӣ маҷмӯи чорабиниҳо амалӣ шуданд. Аз ҷумла, Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ дар таҳрири нав қабул гардида, қисми зиёди ваколатҳои амрдиҳӣ доир ба пешбурди парвандаҳои ҷиноятӣ, аз ҷумла интихоби чораи пешгирӣ дар намуди ба ҳабс гирифтани гумонбаршудаву айбдоршандаҳо ба салоҳияти судҳо вогузор карда шуданд.
Бо мақсади идома бахшидан ба ислоҳоти судӣ -ҳуқуқӣ дар мамлакат дар заминаи паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз 15 апрели соли 2009 ва 24 апрели соли 2010 Барномаи нави ислоҳоти судӣ -ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011- 2013 қабул гардид.
Ин санади ҳуқуқӣ низ ба таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ, ки вазифаи асосии он аз таъмини ҳифзи ҳуқуқ, адолати иҷтимоӣ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо ва қонуният иборат мебошад, нигаронида шуда, дар асоси он лоиҳаҳои қонунҳои нави конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди Конститутсионӣ», «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия шуда, Кодекси одоби судя (дар таҳрири нав), инчунин Кодекси мурофиавии ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ қабул ва якчанд тадбирҳои дигари зарурӣ амалӣ шуданд, ки барои боз ҳам инкишоф ёфтани ниҳоди судӣ мусоидат менамоянд.
Инчунин, боз ду барномаҳои нави ислоҳоти судӣ — ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015- 2017 ва 2019-2021 тасдиқ шуданд, ки дар такмили бештар ва рушду инкишофи ҳокимияти судӣ нақши муосир гузоштанд.
Воҳидҳои кории судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо зиёд карда шуда, дар судҳои ВМКБ, вилоятҳо, суди шаҳри Душанбе ва дар Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон коллегияҳои судӣ оид ба парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурию оилавӣ ташкил гардида, вазифаҳои коромӯз-судя таъсис дода шуд. Музди меҳнати судяҳо ба маротиб зиёд гардид.
Дар якчанд шаҳру ноҳияҳои кишвар биноҳои суд аз нав бо тарҳи замонавӣ сохта ба истифода дода шудаанд. Моҳи декабри соли 2024 бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Суди Олӣ дар маркази шаҳри Душанбе мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки дар он тамоми шароитҳои корӣ мавҷуд буда, дар идомаи ободонӣ бо ташаббуси Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Мирзозода Р.П.
дар бинои Суди Олӣ якчанд толорҳо аз ҷумла, толор барои гузаронидани маҷлисҳои Пленум, Раёсати Суди Олӣ, толор барои семинар машғулиятҳо барои судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд, осорхона, толор барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ, китобхонаи электронӣ, толор барои қабули меҳмонҳои хориҷӣ омода карда шудаанд.
Муҳтарам ҳозирин!
Дар маҷмӯъ нақши Пешвои миллат дар ташаккули ҳокимияти судӣ хеле бориз буда, бо шарофати ин шахси бузургу мӯътабар имрӯз дар Тоҷикистон ҳокимияти судии мустақилу беғараз фаъолият намуда истодааст, ки дар таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, қонуният ва адолати иҷтимоӣ нақши ҳалкунанда дорад. Аз ин рӯ, ҷиҳати ташаккули ин шохаи ҳокимияти давлатӣ аҳамияти хоса дода мешавад.
Дар фароварди сухан, бо эҳсоси ифтихору қаноатмандӣ ҳамаи Шуморо ба муносибати “Рӯзи кормандони мақомоти судӣ” самимона табрик намуда, бароятон саломатии бардавом, саодати рӯзгор, нерӯи тоза ва муваффақиятҳои нав дар иҷрои рисолати пуршарафу масъулиятнок таманно дорам.
Аз таваҷҷӯҳатон сипосгузорам.
Судяи Суди Олӣ
Шарифзода И.Ш.

.jpg)





.jpg)

.jpg)

.jpg)
