БАРГУЗОР НАМУДАНИ ТРЕНИНГҲОИ ОМУЗИШӢ

Рӯзҳои 27 то 30 октбяри соли 2025 дар толори конфронсӣ Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиёда аз 80 нафар судяҳо ва кормандони дастгоҳҳои судҳои шаҳру ноҳияҳо оид ба мавзӯи Механизмҳои миллӣ ва байналмилалии ҷуброни зиён ва товони зарари маънавӣ, ки бо ҷиноятҳои марбут ба истифодаи шиканҷа ва намудҳои дигари муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ва таҳқиркунандаи шаъну шараф расонида шудааст, тренингҳои омузишӣ баргузор карда шуда истодааст.

1.jpeg 2.jpeg

Ҳадаф аз баргузории тренингҳои мазкур аз иҷрои Нақшаи миллии амалҳо ҷиҳати иҷрои тавсияҳои давлатҳои аъзои Шӯрои Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон тибқи расмиёти шаҳри уневерсалии даврӣ (даври сеюм) барои солҳои 2023-2026, ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 апрели соли 2023, №АП-350 ва Нақшаи миллии амалҳо вобаста ба иҷрои тавсияҳои Кумитаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон барои солҳои 2020-2025, ки аз тарафи муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссия оид ба таъмини иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ рӯзи 7 апрели соли 2020 тасдиқ шудааст, иборат мебошад.

3.jpeg 4.jpeg

Ғайр аз ин, чорабиниҳои мазкур бо мақсади дуруст ва якхела татбиқ намудани санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини дахлнопазирии шахс, манъи шиканҷа, ҷазо ва муносибати ғайриинсонӣ, таъмини кафолати давлатии ҷуброни зиён ва товони зарари маънавӣ ба ҷабрдида, инчунин барои иҷрои уҳдадориҳое, ки аз санадҳои ҳуқуқии байнамилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Конвенсияи СММ зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ва таҳқиркунандаи шаъну шараф бармеояд, равона шудаанд.

6.jpeg 7.jpeg

Ба сифати устодон судяҳои Суди Олӣ Аланазарзода Шароф ва Бобозода Матин баромад намуда, паҳлӯҳои гуногуни мавзуи матраҳшавандаро ба иштирокдорон бо усулҳои интерактивӣ омузонданд.   


Бозгашт ба рӯйхат