ЧОРАБИНИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Санаи 31 октябри соли 2025 судяи Суди Олӣ муҳтарам Аланазарзода Шароф,  директори Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олӣ муҳтарам Завқизода Солеҳ Амин ва ёрдамчии Раиси Суди Олӣ Орзумуродов Ҳилолутдин дар ҷаласаи муштараки байналмилалӣ доир ба мавзуи “Татбиқи механизмҳои инноватсионӣ дар фаъолияти ҳокимияти судӣ ва таъмини дастрасӣ ба адолати судӣ” тариқи маҷозӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

photo_2025-10-31_21-06-38.jpg

Чорабинии мазкур дар доираи Созишномаи Шӯрои раисони судҳои олии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардида, дар кори он намояндагони низомҳои судӣ ва Академияву мактабҳои такмили ихтисоси судяҳои давлатҳои ИДМ ширкат варзиданд.

Қайд гардид, ки  волоияти қонун, баробарии ҳама дар назди қонун ва суд бо роҳи таъмини дастрасӣ ба адолати судӣ ҳамчун кафолат хизмат намуда, воситаи асосӣ барои риоя ва ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар ҷомеаи демократӣ мебошад.

Иброз карда шуд, ки масъалаҳои дар ҳамаи марҳилаҳои судӣ ҷорӣ намудани низоми иттилоотии мурофиаи судӣ (e-Court), баланд бардоштани иқтидори зеҳнӣ ва таҷҳизотӣ-технологии судҳо тавассути пурра компютеркунонии мақомоти судӣ, инчунин, таъсис додани инфрасохтори зарурӣ ва муҷаҳҳаз кардани толорҳои судҳо бо низоми видео-конфронс, дастгоҳҳои сабти овоз бо мақсади фароҳам овардани имконияти иштирок намудан дар маҷлиси судӣ тариқи реҷаи мустақим яке аз воситаҳои муосири дастрасӣ ба адолати судӣ ба ҳисоб меравад.

photo_2025-10-31_21-06-37.jpg photo_2025-10-31_21-06-38 (2).jpg

Намояндагони ҳокимияти Суди Олӣ доир ба талошҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рақамикунонии хизматрасонии давлатӣ дар шакли рақамӣ, қабул ва амалӣ гардидани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар ин самт табодули таҷриба намуданд.

Ҷонибҳо ба доир намудани вохӯрию машваратҳои муштараки мунтазами судҳои ИДМ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуда, бо мақсади тарҳрезии равияи мувофиқ дар ҳалли масъалаи ҳамоҳангкунии қонунгузорӣ ва амалияи баамалбарории адолати судӣ ва аҳамияти танзими ҳамкориро дар таъмини рушди устувори он қайд карда, ба табодули таҷриба, баланд бардоштани сатҳи дониш, тахассус ва малакаи касбии судяҳо ва кормандони дастгоҳҳои судҳо дар самти технологияҳои рақамӣ, назорати рақамӣ ва зеҳни сунъӣ ҳамчун самти афзалиятноки ҳамкориҳои байнидавлатии судҳои ИДМ эътироф намуда, таклифу пешниҳодҳоро манзур карданд. 


Бозгашт ба рӯйхат