ИШТИРОКИ НАМОЯНДАГОНИ СУДИ ОЛӢ ДАР КОРИ МИЗИ МУДАВВАР

Рӯзи 31 октябри соли 2025 дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар вобаста ба “Тавсияҳои хотимавии Кумитаи СММ оид ба бартараф кардани ҳама гуна ҳуқуқпоймолкунӣ нисбат ба занон: Тоҷикистон (CEDAW/C/TJK/CO/ аз 3 феврали соли 2007): дастовард ва дурнамо” баргузаор гардид.

4edccdfb15372cb8d41450f77548f0c8_1280x720.jpeg

Дар чорабинии мазкур судяҳои Суди Олӣ Саидзода М.Ф., Мирзозода М.З. ва кормандони дастгоҳи Суди Олӣ иштирок карда вобаста ба масъалаҳои кори мизи мудаввар суханронӣ намуданд.

Ғайр аз ин, вакил-бонувони Маҷлиси намояндагон, инчунин, намояндагони Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар Душанбе ва васоити ахбори омма ширкат варзиданд.

Изображение WhatsApp 2025-11-01 в 14.09.47_247efc8b.jpg

Қайд гардид, ки Суди Олӣ ва судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба амалисозии Нақшаи миллии амалҳо ҷиҳати иҷрои тавсияҳои Кумитаи СММ оид ба барҳам додани табъиз нисбати занон барои солҳои 2025-2032, ки аз ҷониби Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссия оид ба таъмини иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон тасдиқ шудааст, корҳои муайянеро ба анҷом расонидаанд.

Чорабинӣ дар сатҳи баланд доир гардида, иштирокчиёни он фикру андешаҳои худро пиромуни мавзӯи зикршуда иброз доштанд.


Бозгашт ба рӯйхат