«Имрӯз замоне фаро расидааст, ки дар роҳи бунёди давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ аз сухан ба амал гузарем аз ин рӯ, бе доштани Конститутсия эҷоди ин гуна давлат номункин аст»
Эмомалӣ Раҳмон
Конститутсия ҳамчун санади олии ҳуқуқии давлат, таҷассуми ормонҳои миллӣ ва меъёри асосии танзими ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқии ҷомеа маҳсуб меёбад. Барои ҳар як миллат қабули Конститутсия падидаи бузурги сиёсӣ ва маънавист, ки самти ояндаи давлатро муайян мекунад.
Дар Конститутсия ҳар як вожа маъниеро аз воқеияти сарнавишти миллати тоҷик дар тӯли рушду пешрафти таърихи тайнамудаи он ифода мекунад.
Воқеан Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади меъёрию ҳуқуқии эътибори баланди ҳуқуқӣ дошта, арзиши олии давлату миллат маҳсуб меёбад. Зеро, дар таърихи мардуми мо нахустин маротиба дар Конститутсияи мазкур қайд карда шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ аст ва танҳо халқ таҷассумкунандаи Истиқлолият ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатист. Ин аст, ки дар заминаи муқаррароти Конститутсия мардуми шарифи Тоҷикистон мақомоти ҳокимияти давлатӣ, парлумони касбиро таъсис дод. Вобаста ба талаботи ҷомеаи имрӯза дар асоси Конститутсия сохторҳои нави идоракунӣ ташкил ва сохторҳои пешина тағйиру такмил дода шуданд.
Мусаллам аст, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 6 ноябри соли 1994 бо раъйи умумихалқӣ қабул гардид, дар воқеъ санади таърихиест, ки пас аз солҳои пурошӯби ҷанги шаҳрвандӣ миллати тоҷикро ба сӯи сулҳу ваҳдат, оромӣ ва эҳёи давлатдории миллӣ раҳнамо сохт. Ин Конститутсия ҳамчун қонуни асосӣ ба маънои воқеӣ рамзи ваҳдати миллӣ, кафили Истиқлоли давлатӣ ва асоси давлатдории навини тоҷикон гардид. Он бо ҳидоят ва сиёсатҳои хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шакл гирифт ва то имрӯз ҳамчун пояи устувори ҷомеаи ҳуқуқбунёд ва давлатдории миллӣ хизмат мекунад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 боб ва 100 моддаро дар бар гирифта, принсипҳои муҳимтарини ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва иҷтимоиро муқаррар намудааст. Дар он меъёрҳое сабт шудаанд, ки ҳокимияти халқ, озодии шахс, баробарии шаҳрвандон ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои инсонро таъмин мекунанд. Тавъам ба ин, дар асоси муқаррароти Конститутсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бисёрҳизбӣ – рукни муҳимтарини сохти мардумсолорӣ бунёд ёфт. Дар соҳаи иҷтимоию иқтисодӣ низ дигаргуниҳои бузурге ба амал омаданд. Гуногуншаклии моликият ва рушди озоди соҳибкорӣ аз ҷониби давлат ва ҷамъият пуштибонӣ меёбад. Дар асоси он системаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ мегардад. Минҷумла, гузаштан ба низоми бисёрзинагии таҳсилот дар соҳаи маориф, маҳз ба шарофати муқаррароти Конститусияи давлати соҳибистиқлоламон даст дод.
Дар маҷмӯъ, тамоми корҳое, ки дар партави Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли мо анҷом дода шудаанд, танҳо ба хотири таҳкими пояҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии давлати Тоҷикистон, фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагӣ ва фаъолият барои шаҳрвандон ва мустаҳкам намудани Ваҳдати миллии тамоми сокинони Тоҷикистон анҷом дода шудаанд. Зеро, маҳз дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асоси ҳуқуқии таъсис ва фаъолияти давлати мустақили Тоҷикистон муқаррар гардидааст. Дар баробари ин, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чун асоси ҳуқуқӣ барои рушди давлати навини Тоҷикистон мусоидат намуда, самтҳои инкишофи онро муайян менамояд.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми марҳалаҳои баъдӣ нақши меҳварӣ дар татбиқи меъёрҳои конститутсионӣ бозиданд. Маҳз бо роҳбарии оқилонаи ӯ Конститутсия аз як санади ҳуқуқӣ ба ҳуҷҷати зинда табдил ёфт. Ҳар як ислоҳоте, ки дар солҳои минбаъда ба Конститутсия ворид гардид, самти онро ба сӯи таҳкими давлатдорӣ, баланд бардоштани нақши шаҳрванд ва устувор намудани пояҳои истиқлолияти давлати равона сохт.
Дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иқдомҳои пайгирона дар амал татбиқ гардидани принсипҳои конститутсиониро таъмин намуданд. Сипас, бо ташаббусҳои Пешвои миллат қонунгузории кишвар такмил ёфт, сохтори давлатӣ устувор гардид ва муносибатҳои байни давлат ва шаҳрванд дар асоси адолат ва эҳтироми қонун ташаккул ёфт. Дар заминаи Конститутсия, барномаҳои стратегии давлатӣ, аз ҷумла «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», сиёсати иҷтимоӣ ва маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи меъёрҳои конститутсионӣ мусоидат карданд. Ҳамзамон, Пешвои миллат бо ташаккули ғояи миллии «Ваҳдати миллӣ - пояи давлатдории тоҷикон» маънои аслии Конститутсияро ҳамчун рамзи иттиҳоду худшиносӣ тавзеҳ доданд.
Аз дидгоҳи илмӣ, Конститутсия низоми арзишҳо ва ҷаҳонбинии давлат аст. Он фарҳанги сиёсӣ ва ҳуқуқии миллатро инъикос мекунад. Дар заминаи Конститутсия тоҷикон тавонистанд худшиносии миллии худро тақвият бахшанд, эҳсос кунанд, ки соҳибдавлатанд, соҳибҳуқуқанд ва масъули тақдири Ватан мебошанд.
Имрӯз, пас аз зиёда аз се даҳсола, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон собит намуд, ки ин санад воқеан пояи устувори давлатдории миллӣ ва кафили пойдории ҷомеаи ҳуқуқбунёд мебошад. Татбиқи меъёрҳои он ба рушди иқтисодиёт, баландшавии сатҳи зиндагии мардум, густариши маориф, фарҳанг ва илму техника замина гузошт.
Пешвои муаззами миллат борҳо таъкид кардаанд: «Конститутсия ба ҳар як фарди ҷомеа кафолати зиндагии озод, осуда ва созандагӣ медиҳад». Дар ҳамин замина, сиёсати давлат ба сӯи таҳкими адолат, эҳтироми қонун ва эҳёи арзишҳои миллӣ равона гардидааст. Бо такя ба Конститутсия, Тоҷикистон имрӯз чун давлати соҳибистиқлол, устувор ва шукуфон дар арсаи ҷаҳонӣ мавқеи худро пайдо кардааст. Ин ҳуҷҷат на танҳо гузашта ва ҳозира, ҳамзамон ояндаи давлатро низ муайян месозад. Дар баробари ин, бояд тазаккур дод, ки бо истифода аз ин санади муқаддас ва тақдирсоз, ки ҳамчун шаҳодатномаи миллат шинохта шудааст, тамоми сохторҳои ҳокимияти давлатӣ ва маҳаллӣ фаъолияти худро пеш мебаранд. Маҳз ҳамин қонун аст, ки ҳуқуқу озодии шаҳрвандон, махсусан занонро ҳимоя менамояд.
Дар маҷмӯъ, Конститутсия сарчашмаи асосии ҳуқуқи инсон ба ҳисоб рафта, тамоми меъёрҳои ҳуқуқии дохилидавлатӣ, ки ба ҳуқуқу озодии инсон мутааллиқанд, дар асоси он қабул карда мешаванд.
Ҳамин тариқ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, волоияти ҳуқуқ, таҷзияи ҳокимият, фаъолияти озоди иқтисодӣ, гуногунандешӣ, бисёрҳизбӣ, ки дар Конститутсияи кишвари соҳибистиқлол дарҷ гардидаанд, аз ҷумлаи арзишҳои умумибашарӣ ба ҳисоб мераванд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардум сулҳу субот ва оромию осоиштагиро фароҳам овард. Мардуми шарафманди Тоҷикистон шукрона аз он мекунанд, ки дар чунин давлати орому осоишта зиндагӣ ба сар бурда, дорои бахтномаи миллати худ мебошанд.
Бинобар ин, метавон бо ифтихор гуфт, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ин таҷассуми ваҳдат, рамзи Истиқлолият ва санади абадии давлатдории миллӣ мебошад, ки бо сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мазмун ва зиндагии воқеӣ пайдо кардааст.
Ёрдамчии судяи Суди Олӣ
Акрамзода Фаррух Фаттоҳ

.jpg)





.jpg)

.jpg)

.jpg)
