КОНФЕРЕНСИЯИ ҶАВОНОН ТАҲТИ УНВОНИ «КОНСТИТУТСИЯ - АРЗИШМАНДТАРИН ДАСТОВАРДИ ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ ВА НАҚШИ ОН ДАР ТАҲКИМИ ДАВЛАТИ ДЕМОКРАТӢ ВА ҲУҚУҚБУНЁД»

Имрӯз, 5 ноябри соли 2025, дар маҷлисгоҳи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмию амалӣ таҳти унвони «Конститутсия - арзишмандтарин дастоварди давлати соҳибистиқлол ва нақши он дар таҳкими давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд» баргузор гардид.

IMG_4244.jpg

Дар кори ҳамоиш муовини Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иштирок намуда, суханронӣ карданд.

IMG_4212.jpg IMG_4216.jpg

Зикр гардид, ки баргузории чунин чорабиниҳо барои баланд бардоштани маълумоти сиёсиву ҳуқуқии ҷавонон, арҷгузорӣ ба хизматҳои таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин ҷалби неруи созандаи насли наврас ва ҷавон ба равандҳои рушди устувори давлатдорӣ дорои аҳамияти хос мебошад.

IMG_4291.jpg IMG_4295.jpg

IMG_4302.jpg IMG_4307.jpg IMG_4318.jpg

Дар фарҷоми чорабинӣ кормандони судҳои ҷумҳурӣ бо Ифтихорномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.


Бозгашт ба рӯйхат