ИШТИРОК ДАР КОНФРОНСИ ИЛМӢ-АМАЛӢ БА МУНОСИБАТИ 30-СОЛАГИИ ТАЪСИСЁБИИ СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ

Имрӯз, санаи 5 ноябри соли 2025 дар толори Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба муносибати таҷлили 31-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии таъсисёбии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, конфронси илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Судҳои иқтисодӣ самараи Истиқлолияти давлатӣ ва таъмини адолати судӣ дар меҳвари Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.

20251105_091714.jpg

Дар кори конфронс Раиси Суди Олӣ муҳтарам Мирзозода Р.П. бо сухани ифтитоҳӣ ва табрикотӣ баромад намуда, нақш ва мақоми судҳои иқтисодиро дар таъмини пояҳои адолати судӣ муҳим арзёбӣ карда, ҷиҳати рушду пешрафти фаъоляити судҳои иқтисодӣ таманниётҳо иброз намуд. Ҳамчунин, судяи Суди Олӣ Ҳафизода Т. дар кори чорабинӣ бо маърӯзаи илмӣ-амалӣ суханронӣ намуд.

20251105_091721.jpg aiease_1762338874179.jpg

Чорабинӣ бо ташаббуси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардида, дар он намояндагони сохторҳои давлатӣ, аз ҷумла Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақоми қонунгузор, мақомоти иҷроия ва судӣи Тоҷикистон, инчунин олимону мутахассисони соҳаи ҳуқуқшиносӣ иштирок доштанд.

20251105_103329.jpg

Конфронс ба ҳайси як минбари мубодилаи таҷриба ва андешаҳо доир ба нақши Конститутсия дар таҳкими пояҳои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистон хизмат намуд. Дар ҷараёни он аҳамияти судҳои иқтисодӣ дар ҳифзи устувории муносибатҳои иқтисодӣ ва таъмини адолати судӣ таъкид гардид.

Дар фарҷоми чорабинӣ ба Раиси Суди Олӣ аз номи Раиси Суди Олии иқтисодӣ барои саҳми арзанда дар фаъолияти корӣ Ифтихорнома тақдим гардид.

Изображение WhatsApp 2025-11-05 в 12.53.41_a06b0d29.jpg


Бозгашт ба рӯйхат