Имрӯз, 6 ноябри соли 2025, судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аланазарзода Шароф ва Холиқмуродзода Далер дар ҷаласи Кумитаи роҳбарикунандаи Барномаи Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ (UNODC) ба таври маҷозӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар кори ҷаласа намояндагони Ҷумҳуриҳои Ӯзбекстон, Туркменистон, Қазоқистон ва Қирғизистон низ ширкат варзида, фаъолият ва дастовардҳои муштараки давлатҳои Осиёи Марказӣ дар солҳои 2022-2025 дар самти муқовимат ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ арзёбӣ гардид.
Кумитаи роҳбарикунанда низоми асосии ҳамкорӣ дар доираи барномаи қайдгардида байни кишварҳои Осиёи Марказӣ, UNODC, шарикони рушд ва дигар тарафҳои салоҳиятдор ба ҳисоб рафта, ҳадафи ҷаласа тасдиқи афзалиятҳои стратегӣ ва самтҳо барои давраи оянда, инчунин, афзалиятҳои марҳилаи нави барномасозӣ барои солҳои 2027-2030 иборат мебошад.
Намояндагони Тоҷикистон зарурати таҳкими талошҳои муштараки давлатҳои ҳамсояро ҷиҳати муқовимат бо таҳдидҳои муосир, аз ҷумла терроризми байналмилалӣ, экстремизм ва ҷинояткории фаромилӣ таъкид намуда, нақши низоми судии давлатҳоро ҳамчун василаи асосии ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон арзёбӣ карданд.
Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ (UNODC), намояндагони давлатҳо халқи Тоҷикистонро ба муносибати 31-солагии Конститутсияи кишвар табрик намуданд.





.jpg)





.jpg)

.jpg)

.jpg)
