ТАФСИРИ КОНСТИТУТСИЯ ҲАМЧУН ОМИЛИ ТАЪМИНИ ЯГОНАГИИ ТАТБИҚИ МЕЪЁРҲОИ КОНСТИТУТСИОНӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қонуни асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, асосҳои сохтори конститутсионӣ, ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, тартиби ташкил ва таҷзияи ҳокимияти давлатиро муайян мекунад. Инчунин, Конститутсия низоми ҳуқуқии кишвар ва тартиби қабул намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқиро ба таври умумӣ муқаррар менамояд. Дар шароити рушди босуръати ҷомеа ба миён омадани тағйирот дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, зарурати таҳия ва қабул намудани Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Тафсири Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” махсусан муҳим эҳсос мегардад. 
Конститутсияи Тоҷикистон, ки 6 ноябри соли 1994 қабул шудааст ва ба он се маротиба тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд, ҳамчун асоси танзими ҳуқуқӣ дар кишвар ба ҳисоб рафта, бо тақозои замон ба монанди ҳама гуна санади меъёрии ҳуқуқӣ, ба таҳлил ва тафсири доимӣ ниёз дорад, то ки ба воқеиятҳои муосири ҷомеа ҷавобгӯй бошад.
Таҳияи тафсири Конститутсия яке аз масъалаҳои муҳими назариявию- амалӣ дар низоми ҳуқуқи давлатӣ ба ҳисоб меравад, зеро Конститутсия на танҳо санади олии ҳуқуқӣ, балки ҳамчун асоси қонуният, арзишҳои давлатӣ ва таъмини волоияти ҳуқуқ амал мекунад. Масъалаи фаҳм, тавзеҳ ва татбиқи дурусти меъёрҳои он аҳамияти махсуси назариявӣ ва амалӣ дорад. Дар айни замон, татбиқи дурусту якхелаи меъёрҳои он танҳо тавассути фаҳмиши дақиқи мазмун ва ҳадафи муқаррарот имконпазир мегардад. Аз ин ҷост, ки масъалаи таъмини ягонагии тафсири меъёрҳои конститутсионӣ ба масъалаи таъмини волоияти Конститутсия, суботи ҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон бевосита вобаста аст.
Дар моддаи 10 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудааст, ки Конститутсияи Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ дошта, меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд ва қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва қарорҳое, ки ба он мухолифанд, эътибори ҳуқуқӣ надоранд. Ин меъёр дар назария ва амалия ҳамчун пояи принсипи волоияти Конститутсия эътироф мегардад. Аз нигоҳи ҳуқуқи конститутсионӣ, ин модда ҷойгоҳи Конститутсияро дар низоми сарчашмаҳои ҳуқуқ муайян намуда, онро ба сарчашмаи асосӣ табдил медиҳад. Ба ибораи дигар, тамоми низоми ҳуқуқи миллӣ - қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳои ва кодексҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бояд аз Конститутсия сарчашма гиранд ва ба он мутобиқ бошанд. 
Бо вуҷуди он ки меъёрҳои Конститутсия дорои эътибори мустақим мебошанд, таҷриба нишон медиҳад, ки мазмун ва доираи татбиқи онҳо на ҳамеша аз ҷониби мақомоти давлатӣ ва ҳуқуқтатбиқкунанда яксон дарк мегардад. Ин нобаробарфаҳмӣ метавонад ба риояи принсипи волоияти Конститутсия ва устувории низоми ҳуқуқӣ таъсир расонад. Дар чунин ҳолат, зарурати муайян намудани тартиби расмии шарҳу тавзеҳи меъёрҳои конститутсионӣ ҳамчун кафолати ягонагии татбиқи онҳо ба миён меояд. Тафсири Конститутсия на танҳо воситаи равшаннамоии маънои ҳуқуқии меъёрҳо, балки механизми таъмини ягонагии сиёсат ва амалияи ҳуқуқӣ дар тамоми сатҳҳои давлатдорӣ мебошад. Маҳз тавассути тафсири расмӣ мумкин аст фаҳми дақиқи воҳид аз мафҳумҳо ва истилоҳҳои конститутсионӣ таъмин гардад.
Бинобар ин, бо мақсади такмили фаъолияти давлатӣ дар самти ҳуқуқэҷодкунӣ ва ҳуқуқтатбиқкунӣ тибқи консепсияи ягонаи сиёсати ҳуқуқӣ, бартараф намудани тасвияҳои гуногун, мафҳумҳо, истилоҳот ва тафсири ҳархела дар меъёрҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии миллӣ, ичунин, ҷиҳати амалигардонии муқаррароти моддаи 61 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва қабул намудани Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Тафсири Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” амри вақту замон мебошад.
Дар ҳамин замина моддаи 61 Конститутсия аҳамияти махсус пайдо мекунад, ки тибқи он тафсири Конститутсия дар шакли қонуни конститутсионӣ аз ҷониби Маҷлиси намояндагон қабул гардида, аз тарафи Маҷлиси миллӣ ҷонибдорӣ карда мешавад. Ин муқаррарот ба тафсир мақоми расмӣ медиҳад ва онро ба яке аз шаклҳои ҳуқуқӣ табдил медиҳад. Аз нигоҳи назария, чунин роҳкарди қонунгузор ба зарурати таъмини ягонагии меъёрҳои конститутсионӣ дар тамоми низоми ҳуқуқӣ ишора мекунад. Бо вуҷуди ин, дар амал, механизм ва тартиби мушаххаси амалигардонии ин меъёр ҳанӯз ба таври кофӣ рушд наёфтааст, ки ин худ як холигии назариявӣ ва амалиро дар низоми ҳуқуқи давлатӣ ба миён меорад.
Мувофиқи санадҳои қонунгузорӣ тафсири Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба салоҳияти мақоми ваколатдори давлатӣ мансуб буда, бояд дар доираи қонунгузории амалкунанда таҳия ва қабул гардад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ” тартиби қабули санадҳои меъёриро муайян ва муқаррар менамояд, ки кадом мақомот барои таҳияи санадҳои тафсирӣ ваколат доранд ва дар кадом шакл онҳо бояд таҳия ва қабул шаванд. Ин механизм кафолат медиҳад, ки санадҳои тафсирӣ бо талаботи қонун ва ваколатҳои мақомот мутобиқат дошта, эътибори ҳуқуқии онҳоро барои ҳамаи мақомоти давлатӣ ва шахсони ҳуқуқӣ таъмин намояд. 
Аз нуқтаи назари таҳлили ҳуқуқӣ, чунин танзим на танҳо фаҳмиши ягона ва дурусти меъёрҳои конститутсионӣ, балки мутобиқати амалияи мақомоти давлатӣ бо принсипҳои олии ҳуқуқӣ ва волоияти қонунро низ таъмин мекунад.
Бо назардошти ин принсипҳо, санади тафсири расмӣ бояд мақоми олии ҳуқуқӣ дошта, татбиқи ягона ва устувори меъёрҳои Конститутсияро дар тамоми низоми ҳуқуқии миллӣ таъмин намояд. Ҳамин тариқ, қабули санади тафсирӣ ба сифати санади меъёрии ҳуқуқӣ на танҳо фаҳмиши дурусти меъёрҳои конститутсионӣ ва мутобиқати амалӣ бо низоми ҳуқуқиро кафолат медиҳад, балки ҳамчун воситаи устувории низоми ҳуқуқӣ ва таҳкими пояҳои давлати ҳуқуқбунёд амал мекунад. Ин ҷанбаҳо нишон медиҳанд, ки таҳия ва қабули санади тафсири расмӣ бояд бо назардошти қонунгузории мавҷуда ва тартиби муқарраргардида пурра танзим шуда, ба татбиқи самаранок ва ягонаи меъёрҳои олии ҳуқуқӣ мусоидат намояд.
Дар илми ҳуқуқшиносӣ тафсир ҳамчун фаъолияти зеҳнӣ ва ҳуқуқӣ барои муайян кардани мазмун, иродаи қонунгузор ва ҳадафи меъёри ҳуқуқӣ шинохта мешавад. Тафсир метавонад ғайрирасмӣ, илмӣ, судӣ, расмӣ ва ғайра бошад. Аз нигоҳи мантиқ ва усули ҳуқуқ, танҳо тафсири расмӣ дорои эътибори ҳатмии ҳуқуқист, зеро он аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ қабул мегардад. 
Аз ин рӯ, дар шакли Қонуни қонститутсионӣ қабул намудани тафсири Конститутсия, пеш аз ҳама, барои муайян намудани мазмуни дақиқи мафҳумҳо, принсипҳо ва арзишҳои конститутсионӣ зарур аст. Аз нуқтаи назари доктринаи ҳуқуқи конститутсионӣ, тафсири расмӣ на танҳо вазифаи тавзеҳӣ дорад, балки дорои аҳамияти ҳуқуқэҷодкунӣ низ мебошад, зеро он метавонад нуқтаҳои норавшани Конститутсияро равшан намуда, иродаи қонунгузори конститутсиониро мушаххас созад. Дар ин замина, тафсири расмӣ бояд ҳамчун санади меъёрии ҳуқуқӣ, дорои сохтори муайян, низоми муқаррарот ва асосҳои амал бошад.
Аз ин лиҳоз, зарур аст, ки механизми амалигардонии моддаи 61 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба таври равшан дар қонунгузорӣ танзим гардад: тартиби таҳия, муҳокима, қабул ва нашри санади расмии тафсир бояд муқаррар карда шавад. Илова бар ин, бояд дақиқ муайян гардад, ки оё чунин санад хусусияти якбора амалкунанда дорад ё танҳо барои ҳолатҳои мушаххаси тафсирӣ татбиқ мешавад. Ҳамчунин, масъалаи таъсири ҳуқуқии он нисбат ба қонунҳо ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ бояд дар доираи қонуни конститутсионӣ равшан гардад.
Аз дидгоҳи илмӣ, тафсири расмӣ наметавонад танҳо шакли тавзеҳи забонӣ бошад. Он бояд як навъи фаъолиятест, ки иродаи конститутсионӣ ва принсипҳои давлатдориро дар амал татбиқ менамояд. Тафсир бояд на танҳо маънои луғавии меъёрро, балки иродаи сиёсию ҳуқуқии қонунгузори конститутсионӣ ва робитаи он бо низоми умумии арзишҳои конститутсиониро инъикос кунад.
Дар шароити муосири рушди ҳуқуқи миллӣ, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун асоси тамоми низоми ҳуқуқӣ амал мекунад, тафсири расмӣ метавонад ба унсури муҳими устувории сиёсӣ ва суботи ҳуқуқӣ табдил ёбад. Он на танҳо воситаи фаҳмиши ҳуқуқӣ, балки кафолати ягонагии татбиқи меъёрҳои конститутсионӣ дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ хоҳад шуд. Дар амал, набудани чунин санад метавонад ба ихтилоф дар фаҳм ва татбиқи меъёрҳои конститутсионӣ дар сатҳҳои гуногуни идоракунӣ оварда расонад, ки ин ба таври ғайримустақим ба устувории низоми давлатдорӣ таъсир мерасонад.
Қабули санади расмии тафсири Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо ба такмили низоми ҳуқуқӣ, балки ба таҳкими пояҳои давлати ҳуқуқбунёд мусоидат мекунад, зеро волоияти Конститутсия танҳо дар шароити ягонагии фаҳмишу татбиқи меъёрҳои он воқеан таъмин мегардад. Тафсири расмӣ ҳамчун санади меъёрии ҳуқуқӣ кафолати ягонагии фаҳмиши меъёрҳои конститутсионӣ, мутобиқати амалияи мақомоти давлатӣ бо принсипҳои конститутсионӣ ва ҳифзи устувори ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро фароҳам меорад. Қабули чунин санад имконият медиҳад, ки татбиқи меъёрҳои олии конститутсионӣ дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ ҳамоҳанг, самаранок ва устувор бошад, ки ин худ заминаи боэътимоди рушди ҳуқуқӣ ва пойдории давлатро таъмин менамояд. Аз ин рӯ, ба андешаи муаллиф, қабул ва татбиқи санади расмии тафсири Конститутсия ҳамчун шакли ҳуқуқии расмӣ ва воситаи кафолати волоияти қонун ва суботи ҳуқуқӣ зарур ва муҳим мебошад, зеро он на танҳо барқароркунандаи фаҳмиши дурусти меъёрҳои конститутсионӣ аст, балки воситаи ташаккули қонуният, устувории сиёсӣ ва таҳкими асосҳои давлати ҳуқуқбунёд ба шумор меравад.
IMG-20251109-WA0008.jpg
Аланазарзода Шароф - Судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.






IMG-20251109-WA0011.jpg

Ҳалимова Мадина Акрамовна - магистранти факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон



Бозгашт ба рӯйхат