ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲО ДАР САМТИ МУҚОВИМАТ БО КИБЕРҶИНОЯТҲО ВА ЭЪТИРОФИ ДАЛЕЛҲОИ ЭЛЕКТРОНӢ ДАР ҲУДУДИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ


Рӯзҳои 12-13 ноябри соли 2025 дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон давраи омузишии минтақавӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ зери унвони “Дархости далелҳои электронӣ аз кишварҳои дигар:дарсҳои омӯхташуда ва роҳҳои минбаъда” баргузор шуда истодааст.

Дар чорабинии мазкур намояндаи ҳокимияти судии кишвар судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Аланазарзода Шароф иштирок ва суханронӣ намуда, оид ба масъалаҳои муқовимат бо ҷиноятҳои дар шабакаи ҷаҳонии Интернет содирмешуда, инчунин, тартиби ҷамъоварӣ ва эътирофи далелҳои электрониро мутобиқи санадҳои қонунгузории миллӣ табодули таҷриба намуд.

Изображение WhatsApp 2025-11-12 в 17.32.10_c85ff53f.jpg Изображение WhatsApp 2025-11-12 в 17.34.09_bb3924c9.jpg

Қайд гардид, ки ба роҳ мондани ҳамкориҳои муштараки низомҳои судии давлатҳои Осиёи Марказӣ дар самти таъмини амнияти иттилоотӣ аз ҳамлаҳои киберӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ мубрам арзёбӣ гардида, иттилоот ба объекти ба таври махсус ҳифзшаванда табдил ёфтааст.

Изображение WhatsApp 2025-11-12 в 17.34.22_01900518.jpg

Бо мақсади ташаккули амалияи мутавозӣ, ҳамгироии ҳамкориҳо байни судҳои минтақа доир ба ҳалли масълаҳои эътироф ва ҷамъоварии далелҳои электронӣ қадами муҳим ва саривақтӣ ҳисобида шуда, вобаста ба мубодилаи таҷриба ва такмили қонунгузорӣ аз рӯйи консенпсияи ягона хулосарониҳо баён гардиданд.


Бозгашт ба рӯйхат