САДОҚАТ БА ПРЕЗИДЕНТ САДОҚАТ БА МИЛЛАТ АСТ!

            Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки бо азму талошҳои шабонарӯзии фарзанди фарзонаи миллат, шахсияти бузурги арсаи сиёсат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии тозаистиқлоли Тоҷикистон аз вартаи нестшавӣ аз харитаи ҷаҳон эмин монд ва мардуми қавииродааш аз нав дар ҷабҳаҳои созандагӣ бо дили гарму саршор аз соҳибистиқлолӣ ба кору фаъолият пардохтанд.

               «Ман ба шумо сулҳ меорам! Оташи ҷангро хомӯш месозам! То он даме ки як нафар гурезаи маҷбурӣ дур аз Ватан бошад, худро ором намеҳисобам». Ин суханони саршор аз эҳсоси ватандӯстӣ аз қалби бузургу пурмеҳр, орӣ аз кинаву адоват, бахшоянда, парварандаи ғояҳои сулҳу ваҳдати Пешвои миллат бархоста, ба гӯши халқи Тоҷикистон, ки интизори Пешвои додрасу дардошно буданд, пайғоми сулҳу ваҳдат, якпорчагии давлат, эҳёи миллат ва рушди соҳаҳои мамлакатро расонд.                                                                  

   Ба 16 ноябр рост омадани ҷашни мубораки умумимиллӣ-Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастагӣ ба он дорад, ки маҳз 16 ноябри соли 1994 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори нахсут ҳамчун Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди халқу Ватан савганди садоқат ёд карданд.

         Қайд намудан ҷоиз аст, ки 15 апрели соли 2016 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйирот ворид намуд, ки тибқи он ҳар сол 16 ноябр дар мамлакат ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад.

         Тағйирот ба қонуни зикршуда бо дарназардошти саҳми арзандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлатдории навини кишвар, эҳёи давлати миллӣ, таъмини сулҳу ваҳдат ва баланд бардоштани нуфузу эътибори мамлакат дар арсаи байналмилалӣ таҳия гардид. Мақсад дар он ифода меёбад, ки аз ҳамон рӯзи тақдирсозу муайянкунандаи рушди минбаъдаи бомароми Тоҷикистон марҳилаи нави муҳими давлатӣ, яъне тибқи Конститутсияи давлати соҳибистиқлол, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шакли идоракунии президентӣ оғоз ёфта, Президенти тозаинтихоб ба иҷрои вазифа шурӯъ намуданд.

         Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми мақомоти олии ҳокимияти давлатии мамлакат мавқеи махсус ва ҳалкунанда дорад, зеро мутобиқи Конститутсия, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як вақт Сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат) буда, ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад.

       Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дарки аҳаммияти калидии ин ниҳоди давлатӣ дар ҳифзу рушди давлатдории навин нигаронида шуда,  ҷашни қадрдонию сипос ба арзишҳои баланди давлатӣ, миллӣ ва шаҳрвандӣ мебошад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кафили конститутсионии онҳо фаъолият мекунад. Яъне Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар як шаҳрванди худогоҳу ватандӯст, ҳар як сокини озоду осудаи Тоҷикистони азиз ҷашни милливу худшиносӣ, бозгашт ба асолати миллӣ ва баҳрабардорӣ аз мактаби давлатдории Пешвои миллат мебошад. Зеро дар давлати соҳибистиқлоли мо мафҳуми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шахсияту хизматҳои бузургу беназири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавъам буда, пайванди ногусастанӣ дорад.

          Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни савгандёдкунӣ ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 октябри соли 2020 бо ваҷҳи хоси ватандӯстона, эҳсоси баланди масъулият ва меҳру муҳаббати беандоза нисбат ба халқи азизи кишвар таъкид доштанд: «Барои ман истиқлолу озодии Ватани азизам, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсии кишвари маҳбубам, ваҳдати миллӣ ва иттиҳоду сарҷамъии халқи бузургворам аз ҷумлаи муқаддасоти азизтарин мебошад… Ман аз хурду бузурги Тоҷикистон муҳаббату самимият ва меҳрубонии ниҳоят зиёд дидаам ва ба чунин халқи азизу меҳрубон шабу рӯз, содиқона, бо виҷдони пок, дасту дилу нияти нек ва бо тамоми ҳастӣ хизмат мекунам».

         Савганди Пешвои миллат, дар асл, савганди хурду бузурги кишвар, ҳар фарди баору номус ва худогоҳу ватандӯст ва суханони ирошуда сармашқи кору фаъолияти созанда ба хотири ояндаи дурахшони давлат ва саодатмандии наслҳои миллат мебошад.                                 

Дар  рушду таҳкими ҳокимияти судӣ нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле назаррас мебошад. Ёдовар шудан зарур аст, ки Иҷлосияи таърихии XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масъалаҳои ба ҳокимияти судӣ дахлдошта қарорҳои заруриро низ қабул намуда буд, ки онҳо фаъолияти самаранокро таъмин намуданд.

          Имконияти таҳкими минбаъда ва воқеан демократии ҳокимияти судии Тоҷикистон баъд аз Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда шуд.

           Боиси ифтихор ва сарбаландист, ки дар соли 1994 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ, бори нахуст 6 ноябри соли 1994 Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол қабул гардид.

         Бори нахуст дар таърихи давлатдории тоҷикон мафҳуми таҷзияи ҳокимияти давлатӣ пайдо шуда, ҳокимияти судӣ дар баробари ҳокимияти қонунгузор ва ҳокимияти иҷроия ҷой ва мавқеи худро ба даст овард ва айни замон ҳокимияти судӣ дар шаклҳои муқаррарнамудаи Конститутсия ва қонунҳо татбиқи адолати судиро пурра ва ҳаматарафа таъмин карда истодааст.

          Дар роҳи таҳкими ҳокимияти судӣ ва татбиқи амалии адолати иҷтимоӣ нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо муҳим арзёбӣ мегардад. Маҳз Президенти муҳтарам рушди фаъолияти ҳокимияти судиро яке аз самтҳои асосии сиёсати давлат қарор дода, дар заминаи он то ба имрӯз барои ташаккули низоми судии кишвар ва баланд бардоштани мақоми ҳокимияти судӣ дар ҷомеа, корҳои назаррас ва муҳим ба анҷом расонида шуданд.

         Вохӯрию мулоқотҳои чандинкаратаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо судяҳои ҷумҳурӣ ва кормандони масъули мақомоти судӣ ва дастуру ҳидоятҳои он кас ба беҳтар гардидани фаъолияти судяҳо доир ба қабули қарорҳои қонуниву асоснок нақши муҳим бозиданд.

         Бузургдошти Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, пос доштани хидматҳои таърихии абармарди дунёи сиёсат ва фарзанди шоистаи давру замон, пайравӣ аз сиёсати бунёдкоронаву хирадмандона ва фарҳангсолоронаву инсонгароёна кафолати пойдории Истиқлоли давлатӣ, сулҳу ваҳдати сартосарӣ, ҳифзи асолати миллӣ ва ояндаи боз ҳам дурахшон аст.

Дар интиҳо ҳамаи судяҳои ҷумҳурӣ ва кормандони дастгоҳҳои судҳоро ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, саломатию сарбаландӣ ва баҳри иҷрои вазифаҳои давлатӣ ҷиҳати амалисозии адолати судӣ комёбиҳо орзумандам.

5-5.jpgДодозода Абдуманон Махсуд,

Сардори Раёсати ташкили кори

судҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,

Мушовири давлатии дараҷаи 2-юм, 

Номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ                                                                               


Бозгашт ба рӯйхат