НАҚШИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

(Президенти мо, ифтихори мо)

         Бояд қайд кард, ки дар ҳаёти сиёсии муттамадини миллати тоҷик дар солҳои 1991-1992 давраи басо сангин ва ҷанги шаҳрвандӣ дар тамоми ҳудуди Тоҷикистон паҳн гардида буд, қариб буд, ки аркони давлатдории тоҷикон нобуд гардида, сохтори марказии ҳокимияти давлатӣ бо пурагӣ фалаҷ шуда, миллат пароканда гашта ва камбизоативу гуруснагӣ дар гушаву канори мамлакат рӯз то рӯз шидат мегирифт.

         Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – яъне маҷлиси вакилони халқ, намояндагони гурӯҳҳои мухолиф ва фармондеҳони саҳроӣ, 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 дар Қасри Арбоби вилояти Суғд сарҷам шуда, тақдири минбаъдаи давлату миллатро мавриди муҳокима қарор доданд.

         Дар Иҷлосия вакилони мардумӣ ба истеъфои Президент Раҳмон Набиев овоз додан ва институти президентӣ то қабули Конститутсияи нав боздошта шуд ва салоҳиятҳои Президент ба Раисони Шӯрои Олӣ, Шӯрои вазирон ва Раёсати Шӯрои Олӣ тақсим карда шуданд.

         Рӯзе аз рӯзҳои неки тақдирсозу хотирмон аз ҷониби офаридгор, яъне 16-уми ноябри соли 1992 аз миёни фарзандони миллати кӯҳанбунёди тоҷик, фарзанди фарзонаи миллат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои мо тоҷикон ҳадяи бебозгашт, туҳфа гардид.

         Дар ҷаласаи Иҷлосия, аз ҷониби вакилони мардумӣ Раиси Шӯрои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Роҳбари давлат интихоб карда шуд. Аз рӯзи аввал дар назди худ мақсад гузошт, ки ҷиҳати барқарор кардани ҳокимияти конститутсионӣ кору фаъолияти худро аз ибтидо аз «Сулҳ» оғоз менамоям.

         Дар воқеъ, мақсади неки дурандешона ҷомаи амал пушид ва Тоҷикистони тақсимшудаву дар оғуши ҷанг бударо ба яке аз давлатҳои амнтарин дар сайёраи замин оварда расонид.

         Масъалаҳои ҳаётан муҳими ҷамъиятию давлатиро дар Иҷлосия баррасӣ намуданд, ки дар ҳамон вақту соат бениҳоят муҳим ва рӯзмара дониста мешуд:

- тамоми тадбирҳоро вобаста ба эътидол овардани вазъи ҷамъиятию сиёсӣ дар ҷумҳурӣ роҳандозӣ карданд;

- барқарор кардани ҳамаи шохаҳои ҳокимияти давлатиро дар тамоми минтақаҳои мамлакат ва аз дасти гурӯҳои силоҳбадаст озод намудани баъзе ноҳияҳои кишваро таъмин намуданд;

- таҳкими ҳокимияти конститутсионӣ ва ба шароити нав мутобиқ намудани он чораҳои заруриро амалӣ намуданд;

- масъалаи таъсиси артиши миллӣ ва қувваҳои сарҳаддӣ барои пурзӯр кардани ҳифзи сарҳадди давлатии Тоҷикистонро барқарор намуданд;

- ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва барқарор намудани робитаҳои дипломатиро ба кишварҳои дуру наздӣ андешиданд;

- ба ҷои муқимии зиндагии хеш баргардонидани тамоми гурезагоне, ки аз ватан фирор карда буданд, ба зодгоҳи худашон баргардониданд ва дигар масъалаҳои ҳаётан ҳумҳием, ки дар меҳвари асосии Раиси Шӯрои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доштнд, амалӣ карда шуданд.

         Амиқтар ба шуҷоату мардонагии Президенти маҳбубамон менигарем, баъдан бо осонӣ хоҳем фаҳмид, ки пойдории фарҳангу тамаддун, асолати таърихӣ, ҳувияти миллии он дар хислатҳои неки инсонгароӣ, хештаншиносу меҳанпараст, дурандешу некбин, хушмуомилаву хушгуфтор ва шоҳсутуни давлати миллии мо тоҷикон ба таври возеҳу равшан мушоҳида мегардад.

         Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазифаҳое, ки дар назди хеш қарор дода буданд, аввалиндараҷа ба дастовардани сулҳу суботи комили сиёсӣ, бунёди давлатӣ демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, ташкил ва таъсис додани мақомотҳои давлатӣ ва аз ҳама муҳим қабул намудани конститутсияи давлати миллӣ ва дар доираи меъёрҳои он фаъолият намудани тамоми ҳаёти ҷамъиятиву давлатӣ, мушоҳида мегардид.

         Ҳамин тариқ ба ҳар яки мову шумо маълум аст, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардида, шакли идораи Ҷумҳурии Тоҷикистонро президентӣ муқаррар намудааст.

         Аз ин хотир, аҳамияти конститутсионии институти президентӣ дар он ифода мегардад, ки тибқи талаботи моддаи 64-и Конститутсия бевосита ба ин масъала дахл дошта, Президентро ҳамчун сарвари давлат ва Раиси ҳукумат муқаррар намудааст.

         Ин давоми мантиқии сархати 2-уми моддаи 1-уми Конститутсия мебошад, ки шакли идораи Ҷумҳурии Тоҷикистон президентӣ эълон намуда, дар сатҳи конститутсионӣ Президент ҳомии конститутсия, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанд ва инкишофи озодонаро кафолат медиҳад.

         Ҳамчунон Президент мутобиқи моддаи 69 Конститутсия дар доираи салоҳияташон мақомотҳои давлатиро таъсис ва барҳам медиҳанд, ихтиёрдор ва масъули сармояи захиравӣ мебошад.

Бояд гуфт, ки нақши Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими ҳокимияти давлатӣ дар он ифода мегардад, ки ҳамчун роҳбари давлат, асоси устувории низоми мақомоти давлатии кишварро таъмин намуда, ҷиҳати иҷрои ҳифзи арзишҳои ниёгонамон шароити нави ҳуқуқиро фароҳам оврдааст.

         Ин муқаррароти конститутсионӣ, заминаи воқеии ҳуқуқии ҳокимияти давлатӣ буда, баробарии ҳамагуна субъектонро дар маркази таваҷҷуҳи меъёрҳои Конститутсия кафолат додааст.

         Дар маҷмӯ, масъалаи таҳкими ҳокимияти давлатӣ, низоми мақомоти давлатӣ, принсипи таҷзияи ҳокимият, ҳифзи моликият, фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, аз ҷумла моликияти хусусӣ ва муносибатҳои неку дустона ба ҳамсоя кишварҳои дуру наздик дар меҳвари асосии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, як давлати иқтидори ҳуқуқӣ бунёд намуда, шаҳрвандонаш дар фазои ҳуқуқи миллӣ озодона фаъолият намуда, зиндагӣ менамоянд.  

         Дар фарҷоми сухан, ба ҳамаи Шумо рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз самими қалб табрику муборакбод намуда, ба кишвари азизу маҳбубамон Тоҷикистон, сулҳу суботро тамано менамоям.

1763124576347.jpgАбдуллозода Ёқуб Маҳмадисуф        

Сармутахассиси Раёсати кадрҳо

ва корҳои махсуси Суди Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон  

номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ


Бозгашт ба рӯйхат