ИШТИРОК ДАР КОРИ ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ҶУМҲУРИЯВИИ МУТОБИҚСОЗИЮ МЕТОДӢ ОИД БА ТАЪЛИМ ВА ТАРБИЯИ ҲУҚУҚИИ ШАҲРВАНДОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Санаи 14 ноябри соли 2025  дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири адлия Музаффар Ашуриён ва иштироки аъзои Шӯро, аз ҷумла Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,муҳтарам Мирзозода Р.П., ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷумҳуриявии мутобиқсозию методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар ҷараёни ҷаласа гузоришҳо оид ба вазъи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» дар шаҳру ноҳияҳои кишвар, ҷараёни корҳои фаҳмондадиҳӣ барои пешгирии ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳо дар миёни аҳолӣ, баланд бардоштани сатҳи ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷиҳати пешгирӣ ва ошкорсозии ҷиноятҳо, инчунин баргузории чорабиниҳои оммавӣ, варзишӣ ва фарҳангӣ дар самти пешгирии нашъамандӣ шунида шуд.
Ҳамзамон, Раиси Суди Олӣ оид ба самаранокии барномаҳои телевизионии «Мурофиа», «Ҳуқуқи Шумо» ва «Ҳукм» ибрози ақида намуданд.
Дар фарҷом, барои тасдиқи нақшаи кори Шӯро дар соли 2026 вазифагузориҳо муайян шуда, таклифу пешниҳодҳои аъзоён муҳокима гардида, қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.



Бозгашт ба рӯйхат