САРВАРИ ХИРАДПЕША ВА МЕЪМОРИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД

photo_2025-11-15_21-02-09 (3).jpg


Яқубов Беҳруз Шарифҷонович

мутахассиси пешбари 

Раёсати коргузорӣ

ва назорати Суди Олӣ

 





Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ба ҳодисаҳое рӯ ба рӯ гардид, ки пояҳои тозабунёди давлатдориро ба ларза овард. Дар ин айёми ҳамакнун шукуфтани гулҳои нахустини соҳибистиқлолӣ самои поку беолоиши меҳанро абри ғаму андуҳ иҳота намуд. Кишвар ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва бӯҳрони амиқи сиёсиву конститутсионӣ кашида шуд.

​Дар чунин айёми ҳассосу хеле мушкил сокинони мамлакат ба яъсу ноумедӣ мувоҷҷеҳ гардида, дигар дар фазои меҳани тозаистиқлол на парандаи сулҳ пар мезаду на кафолати амалии ҳуқуқу озодиҳои тифлон таъмин буд.
​Ҳамагӣ интизор буданд, то нафаре муҷиби ба охир расидани ин ҳама бесарусомониҳо гардаду дубора эътимод ба ҳокимияти давлатӣ ба қалбҳо баргардад. Чунин шахсиятро ба миллати тоҷик баргузории Иҷлосияи тақдирсози XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Хуҷанд дар соли 1992 ҳадя намуд. Ин иҷлосия ҳамчун санади муҳими сиёсиву ҳуқуқӣ, барои барқарор намудани сохти конститутсионӣ заминаи воқеӣ гузошт.
​Дар ин иҷлосияи тақдирсоз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раиси Шурои Олӣ интихоб гардиданд. Нахустин сухане, ки аз ҷониби Роҳбарияти олии кишвар дар Иҷлосияи 16 Шурои Олӣ садо дод, ин “Ман ба шумо сулҳ меорам” буд.
​Маҳз ҳамин таъкиди Сарвари кишвар дар он айёми басо ҳассосу мушкил ба қалбу руҳи мардум умеди тоза бахшиду эътимод ба ояндаи давлати ҳуқуқбунёдро фаро гирифт.
​Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди роҳбари кишвар интихоб шуданашон дар навбати аввал таваҷҷуҳ ба барқарор намудани фаъолияти сохторҳои конститутсионӣ ва сулҳу осоиштагӣ намуда, дар ин росто корҳои зиёдеро анҷом доданд. Маҳз ҷоннисориву хирадмандӣ ва талошҳои хастагинопазирашон буданд, ки алангаи оташи ҷанги шаҳрвандӣ хомӯш гардид, тамоми гурезагон ба ватан баргардонида шуданд ва дар ниҳоят Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид, ки асоси ҳуқуқии ваҳдати комили миллӣ гардид.
​Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсияте мебошанд, ки тамоми дастоварду комёбиҳои давлатдории соҳибистиқлол ба номашон сабт гардидааст. Аз таҳкими пояҳои ҳуқуқии сулҳу амонӣ дар кишвар то муаррифии шоистаи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ.
​Агар ба таърихи 34 соли Истиқлоли давлатӣ назар намоем, аёнамон мегардад, ки дар ин муддат бо талошу кӯшишҳои пайвастаи Роҳбарияти олии кишвар ва ташаккули заминаҳои устувори ҳуқуқӣ, Тоҷикистон аз як мамлакати ҷангзада ба давлати ободтарину пешрафта дар минтақа табдил ёфт. Далели ин гуфтаҳо рушди бесобиқаи тамоми соҳаҳо, аз қабили иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ ва энергетикӣ мебошад, ки дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ танзим мегарданд.
​Дар самти муаррифии арзандаи мамлакат ба ҷомеаи ҷаҳонӣ саҳми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бениҳоят бузург мебошад. Тоҷикистон ҳамчун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ ба созмонҳои зиёди байналмилаӣ шомил гардида, дар ҳаллу фасли масъалаҳои глобалӣ саҳми муносиби худро зери роҳбарии Сарвари мамлакат гузоштаву мегузорад.
​Тули солҳои Истиқлоли давлатӣ Тоҷикистон зери роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо ҳамчун давлати соҳибихтиёр ба ҷомеаи ҷаҳонӣ шоиста муаррифӣ гардид, балки дар масъалагузориҳои байналмилалӣ саҳми муносиби худро низ гузошт. Аз ҷумла, дар масъалаҳои обу иқлим бо ташаббуси Сарвари давлат чандин пешниҳодҳои кишвар аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид пазируфтаву қабул гардиданд.
​Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва сарварони кишварҳои гуногун Президенти кишварамонро ҳамчун сиёсатмадори кордону хирадпеша ва кафили суботи давлатдории миллӣ мешиносанду дар ин маврид низ ибрози назар намудаанд.
​Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин дар бораи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштааст: “Шумо бо фаъолияти худ чун роҳбари давлат ба эҳтироми самимии ҳамватанон ва хориҷ аз кишвар ба обрӯи баланд ноил гардидаед. Зери роҳбарии Шумо Тоҷикистон дар соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ комёбиҳои назаррас ба даст оварда, пайваста мавқеи худро дар арсаи байналмилалӣ мустаҳкам карда истодааст”.
​Инчунин, Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев дар бораи Президенти кишварамон гуфтааст: “Имрӯз ба шарофати роҳбарии хирадмандона ва хидмати содиқонаи Шумо ба нафъи кишвар, Тоҷикистон собитқадамона ва бо боварӣ бо роҳи рушди дарозмуддат ва ҳамаҷониба пеш рафта истодааст. Он муваффақиятҳои назаррасе, ки кишвари бародар дар ҷодаи давлатсозӣ, рушди устувори иҷтимоиву иқтисодӣ ва баланд бурдани сатҳи зиндагии аҳолӣ ба даст овардааст, натиҷаи сиёсати дурбинона ва босамари Шумо дар мансаби Роҳбари давлат мебошад. Фаъолияти пурмаҳсули Шумо ва таҷрибаи идоракунии давлатиатон, дар ҳақиқат, натанҳо боиси эҳтиром ва обрӯи Шумо дар байни шаҳрвандони Тоҷикистон, балки берун аз кишвар ҳам шудаанд”.
​Хулоса,
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсияти ҷаҳоние мебошанд, ки ҳамчун Кафили Конститутсия, таъминкунандаи ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, кишварро дубора ба сулҳу амонӣ расониданд, зиндагии орому осударо барои шаҳрвандон таъмин намуданд ва Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд ошно сохтанд. Аз ин рӯ, мо бояд шукргузор бошем, ки чунин Сарвари тақдирсозу хирадпешаро дороем.





Бозгашт ба рӯйхат