ИШТИРОК ДАР ҶАЛАСАИ МАШВАРАТӢ

Имрӯз 18 ноябри соли 2025, дар шаҳри Душанбе ҷаласаи машваратӣ дар мавзуи “Тақвият додани дастрасӣ ба адолати судӣ барои шахсони дорои маъюбият дар Тоҷикистон” баргузор гардид.

Дар кори ҷаласаи мазкур намояндагони ҳокимияти судӣ судяҳои Суди Олӣ муҳтарам Аланазарзода Шароф ва Саидзода Марзия Файзалӣ иштирок ва сӯханронӣ намуданд.

Изображение WhatsApp 2025-11-18 в 16.50.55_ad76e913.jpg Изображение WhatsApp 2025-11-18 в 16.52.19_4986f753.jpg

Қайд гардид, ки мисли дигар шаҳрвандон шахсони дорои маъюбият ба муносибати сазовор ва баробар дар ҷамъият ҳуқуқ доранд, инчунин онҳо бо мақсади худинкишофдиҳӣ ва иштироки комил ҳуқуқ ба дастрасии баробар ба ҳамаи низомҳо, аз ҷумла маориф, ҳифзи иҷтимоӣ, тавонбахшию тавонмандсозӣ, тандурустӣ ва барномаҳои рушди малака, шуғл, дастрасӣ ба адолати судӣ ва ба дигар соҳаҳои фаъолияти ҳаётӣ ҳуқуқи баробар доранд.

Илова карда шуд, ки мувофиқи санадҳои қонунгузории мамлакат ба ҳар шахс қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк, ҳуқуқу озодиҳо кафолат дода шуда, ҳар кас кафолати ҳифзи судӣ дорад.

Изображение WhatsApp 2025-11-18 в 16.54.05_59192ee2.jpg

Намояндагони низоми судӣ дар баромади худ иродаи сиёсӣ ва талошҳои Тоҷикистонро дар доираи Нақшаи миллии амалҳо оид ба омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ва амалинамоии Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон, ҷиҳати фароҳам овардани имкониятҳои баробар ба шахсони дорои маъюбият, қайд намуда, таваҷҷӯҳи иштирокдоронро ба андешидани чораҳои дахлдор ҷиҳати беҳтар намудани таъмини кафолатҳои ҳифзи ҳуқуқҳои шахсони дорои маъюбият барои таъмини дастрасӣ ба адолати судӣ ҷалб намуданд.


Бозгашт ба рӯйхат