БАРГУЗОРИИ СЕМИНАР ОИД БА МАСЪАЛАҲОИ ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ ВА ТАТБИҚИ КОНВЕНСИЯИ ОРХУС

Семинар оид ба масоили ҳифзи муҳити зист ва татбиқи Конвенсияи Орхус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар кори он намояндагони мақомоти судӣ ва сохторҳои соҳавӣ ширкат варзиданд.

Дар ҷараёни чорабинӣ судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Манучеҳр Ҳасан иштирок ва суханронӣ намуда, ишора карданд, ки Конвенсия оид ба дастрасӣ ба иттилоот, иштироки ҷомеа дар қабули қарорҳо ва дастрасӣ ба адолати судӣ дар масоили муҳити зист (Конвенсияи Орхус) 25 июни соли 1998 дар шаҳри Орхуси Дания қабул гардида, Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2001 ба он ҳамроҳ шудааст.

20251118_093557.jpg

Зикр карда шуд, ки Конвенсияи мазкур барои такмили ҳифзи муҳити зист, пешгирии фаъолияти ба табиат ва саломатии шаҳрвандон зараровар, инчунин баланд бардоштани шаффофият дар қабули қарорҳои экологӣ аҳамияти хосса дорад.

Ҳамзамон таъкид гардид, ки мақомоти судӣ зимни баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ қарорҳои дахлдор қабул намуда ба ин васила ба таҳкими риояи қоидаҳои экологӣ мусоидат мекунад.


Бозгашт ба рӯйхат