Санаи 20 ноябри соли 2025, дар Суди Олӣ вохӯрӣ бо судяи маъруфи ҷаҳонӣ хонум Ренате Винтер бо судяҳои Суди Олӣ ва судҳои шаҳру ноҳияҳо баргузор гардид.
Ҳамзамон дар кори чорабинӣ намояндагони Дафтари намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон ширкат варзиданд.
Хонум Винтер судяи австриягӣ буда, дар суди вижаи Серра-Леоне фаъолият менамояд ва дар вазифаҳои роҳбарикунанда, аз ҷумла президент, ноиби президент ва узви Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи кӯдак фаъолият карда, аз таҷриби ғании хеш дар соҳаи адлияи ноболиғон ва пешгирии зӯроварӣ нисбати кӯдакон бо иштирокдорони ҳамоиш табодули таҷриба намуд.
Ҳадаф аз лексия ва муколамаи мазкур аз табодули дониш ва таҷриба ҷиҳати омузиши стандартҳои байналмилалӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, махсусан дар соҳаи адолати судӣ барои кӯдакон иборат буда, номбурда пешравиҳои мусбиро дар самти амалишавии ҳуқуқҳои кӯдак дар Тоҷикистон, изҳори ақида намуд.




.jpg)





.jpg)

.jpg)

.jpg)
