ИШТИРОК ДАР КОРИ КОНФРОНСИ МАҶОЗӢ

Рӯзи 4 декабри соли 2025 бо ибтикори Мактаби Олии адолати судии назди Суди Олии Ҷумҳурии Қирғизистон конфронси маҷозӣ дар мавзӯи “Хусусиятҳои баррасии парвандаҳои маданӣ дар зинаи кассатсионӣ аз рӯи принципи мубоҳисавии мурофиа” баргузор гардид.

Дар кори конфронс судяи Суди Олӣ муҳтарам Шуҳратзода Улуғбек ва директори Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Завқизода Солеҳ Амин иштирок ва суханронӣ намуданд.

1234.jpg

Аз рӯи мавзуъ устоди Мактаби Олии адолати судии назди Суди Олии Ҷумҳурии Қирғизистон, собиқ судяи суди шаҳри Бишкек Давлетбаева Медина Акремовна маъруза намуд. Инчунин, дар кори конфронс ҳайати омӯзгорон ва профессорони Мактаби Олии мазкур, намояндагони дигар муассисаҳои омодакунии номзадҳо ба вазифаи судя, бозомӯзии судяҳо ва такмили ихтисоси судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳои ИДМ иштирок намуданд.

Директори Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баромади хеш аҳамияти табодули таҷрибаи судӣ ва дарёфти роҳҳои нави ҳалли масъалҳои мурофиавӣ ҳангоми баррасиии парвандаҳои маданӣ дар марҳилаи кассатсиониро муҳим арзёбӣ намуда, айният доштани қонунгузории Тоҷикистонро дар самти тартиби баррасии кассатсионии парвандаҳои маданӣ бо қонунгузории Ҷумҳурии Қирғизистон қайд намуда, аҳамияти зинаи кассатсиониро ҳамчун мурофиаи судии бо қонун пешбинишуда дар муайян намудани қонунӣ ва асоснок будани қарори қабулнамудаи суди зинаи якум, баҳои ҳуқуқӣ додани ҳолатҳои дар парвандаи маданӣ ҷойдошта ва дигар ҳолатҳои вобаста ба пешбурди мурофиаи судии адолатнок иброз намуд.     


Бозгашт ба рӯйхат