МИЗИ МУДАВВАР ДАР МАВЗУИ МАҲДУДИЯТҲО ОИД БА ТАТБИҚИ ҲУҚУҚ БА МАНЗИЛ ҲАНГОМИ КӮЧОНИДАН

Имрӯз, 8 декабри соли 2025 дар шаҳри Душанбе мизи мудаввар дар мавзуи “Маҳдудиятҳо дар амалисозии ҳуқуқ ба манзил ҳангоми кӯчонидан” баргузор гардид, ки  кори он судяи Суди Олӣ Саидзода Марзия ширкат варзида бо суханони хеш ва такя ба амалияи судии кишвар, ба паҳлӯҳои ҳуқуқии кӯчонидан ва масъулияти ниҳодҳо дар ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон рӯшанӣ андохт. 
Таъкид гардид, ки арзишҳои ҳуқуқи инсон ва зарурати риояи шарту қоидаҳои қонун зимни кӯчонидиан аз манзили истиқоматӣ, ки яке аз кафолатҳои конститутсияонӣ ба ҳисоб меравад, муҳим мебошад. 
Ҳамзамон, намояндаи Кумитаи кор бо занон ва оила паҳлӯҳои иҷтимоии масъала аз ҷумла ҳассосияти занон, кӯдакон ва оилаҳои осебпазирро бо далелу мисолҳои зиндагии воқеӣ баён кард. Дар ин гуфтугӯи ошкоро, ки бо самимият ҳамроҳ буд, таъкид шуд, ки ҳар кӯчонидан на танҳо ҷойивазкунии биноҳост, балки тағйири сарнавишти одамон мебошад.

IMG-20251209-WA0045.jpg
Иштирокчиён ҳангоми баҳсҳо ба хулосае омаданд, ки ҳуқуқ ба манзил на танҳо меъёри қонунӣ, балки сутуни устувории ҷомеа аст. Барои риояи он ҳамоҳангии ниҳодҳо, шаффофияти равандҳо ва эҳтиром ба ҳуқуқу шаъну шарафи шаҳрвандон зарур аст — чунон ки гузашта низ ҳамеша ба мо ин дарси оддиро ёд медод.

IMG-20251209-WA0047.jpg
Мизи мудаввар дар фазои ҳамкорӣ ва масъулият ба анҷом расид, аммо саволҳои матраҳшуда роҳи тозаро барои таҳқиқ, такмил ва тасмимҳои оянда боз карданд. Зеро ҳуқуқ ба манзил ин ҳуқуқ ба оромӣ, амният ва зиндагии шоистаи ҳар як инсон аст.



Бозгашт ба рӯйхат