Рӯзи 9 декабри соли 2025 дар Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи муштараки корӣ оид ба амалисозии лоиҳаи “Тақвияти волоияти қонун ва ҳуқуқи инсон ҷиҳати тавсеаи имкониятҳои шаҳрвандон дар Тоҷикистон” баргузор гардид.
Намояндагони Суди Олӣ муҳтарам Аланазарзода Шароф судяи Суди Олӣ, Орзумуродов Ҳилолутдин ёрдамчии Раиси Суди Олӣ, Холиқзода Фаридун мутахассиси пешбари Раёсати муносибатҳои байналмилалӣ ва мураттабсозии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Суди Олӣ, намояндагони Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфта, ҷараёни иҷрои ҳамкориҳои қаблӣ таҳлил гардида, самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ барои соли 2026 муайян ва нақшаи кории муштарак мувофиқа карда шуд.
Дар ҷараёни ҷаласа ба масъалаҳои баланд бардоштани самаранокии идоракунии судӣ, таҳкими механизмҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон, истифода ва татбиқи технологияҳои муосири иттилоотӣ дар низоми судӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.



.jpg)





.jpg)

.jpg)

.jpg)
