Имрӯз, 11 декабри соли 2025, дар бинои Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии судманд, ки дорои арзиши амаливу дурнамо дорад баргузор гардид.
Дар ин нишаст, намояндагони Агентӣ ва дигар ниҳодҳои дахлдори давлатӣ бо тими Ташкилоти ҷамъиятии «Хазинаи Авруосиёгии Осиёи Марказӣ–Тоҷикистон» гирди ҳам омаданд, то гуфтугӯи созандаеро оғоз намоянд, ки ба ояндаи идоракунии давлатӣ бо рӯҳияи нав ишора мекунад.
Ҳадафи асосии вохӯрӣ муаррифии ташаббуси татбиқи лоиҳаи Ҷорӣ намудани низоми қабули қарорҳои маъмурӣ ва баррасӣ намудани шикоятҳо нисбат ба онҳо ба таврӣ электронӣ, ки дар маҷмуъ расмиёти маъмуриро ба шакли муосир мегардонад, иборат буд.
Амалӣ гардидани лоиҳаи мазкур, метавонад ба равшан гардидани равандҳои қабул ва иҷрои қарорҳои маъмурӣ, баланд бардоштани шаффофият ва соддагардонии муносибатҳои байни шаҳрванд ва давлат нафаси тоза бахшад.
Дар баробари дигар иштирокчиён, бо эҳтироми хоса дар нишаст судяи Суди Олӣ Аланазарзода Шароф ва ёрдамчии Раиси Суди Олӣ Орзумуродов Ҳилолутдин Ҷалилович ҳузур доша, зимни муколама нишастро бо диди ҳуқуқӣ ғанӣ сохта, вобаста ба паҳлуҳои гунонуни ҷорӣ намудани низомҳои иттилоотӣ ибрози ақида намуданд.
Дар фазои коршиносона, вале гарму самимӣ, ҷонибҳо роҷеъ ба пайванди тақвияти технологияҳои рақамӣ бо низоми ҳуқуқӣ, зарурати соддагардонии расмиёти маъмурӣ ва такмили қолабҳои одилонаи баррасии қарорҳо мубодилаи андеша намуданд. Гуфтушунид бо умеде идома ёфт, ки бо такя ба таҷрибаи гузашта ва бо чашм ба фардои равшан, Тоҷикистон метавонад намунае бошад, ки дар он инноватсия бо усулҳои анъанавии идоракунӣ ба манфиати ҷомеа хизмат кунанд.





.jpg)





.jpg)

.jpg)

.jpg)
