ИШТИРОК ДАР КОРИ МИЗИ МУДАВВАР ОИД БА МАСЪАЛАҲОИ ВНМО

Имрӯз, 9 декабри соли 2025, дар шаҳри Душанбе мизи мудаввар дар мавзуи “Муҳокимаи масъалаҳои амалии ҳифзи ҳуқуқҳои шахсони бо ВНМО зиндагикунанда” баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа судяи Суди Олӣ муҳтарам Аланазарзода Шароф, судяҳои судҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе, намояндагони мақомотҳои давлатӣ, шарикони рушд ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намуданд.

Изображение WhatsApp 2025-12-12 в 14.30.04_eb47d8af.jpg

Намояндаи Суди Олӣ дар баромади худ амалияи судиро вобаста ба баррасии парвандаҳои судӣ шарҳу тавзеҳ дода, қайд намуд, ки талошҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба паст намудани сатҳи табъиз ва тамғагузорӣ дар доираи ислоҳотҳои барномаву нақшаҳои миллӣ бомаром амалӣ шуда истодаанд.

Ғайр аз ин, дар чорабинии мазкур таҷрибаи ҷаҳони муосир доир ба роҳҳои пешгирии табъиз ва стигмаи ВНМО, тамоюли рушди инкишофи ҳуқуқ ва мавқеи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мавриди муколама қарор дода шуд.

Изображение WhatsApp 2025-12-12 в 14.28.53_48eb92ef.jpg Изображение WhatsApp 2025-12-12 в 14.29.11_c5731f3c.jpg

Қарор дода шуд, ки арзёбии мунтазами татбиқи қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 декабри соли 2023, №2 “Дар бораи таҷрибаи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии марбут ба сироят кардан бо вируси норасоии масунияти одам” бо мақсади татбиқи дуруст ва якхелаи меъёрҳои қонунгузории моддӣ ва мурофиавии ҷиноятӣ дар фаъолияти мақомоти тафтиши пешакӣ ва судҳо дар ҳамбастагӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ ба роҳ монда шавад.


Бозгашт ба рӯйхат