Санаи 12 декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон, ки ҳамасола 10 декабр дар ҷаҳон таҷлил мегардад, бо ибтикори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмӣ - амалӣ таҳти унвони "Ҳуқуқи инсон ва ВАО: пайванд барои ҷомеаи огоҳ" баргузор гардид, ки дар кори он намояндагони Суди Олӣ Аланазарзода Шароф ва Бобозода Матин Давлат иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни ифтиҳоҳи чорабинӣ судяи Суди Олӣ муҳтарам Аланазарзода Шароф иброз дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи амалигардонии Стратегияи миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон ва Нақшаҳои миллӣ оид ба иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ ҳадафҳои устуворро дар самти баланд бардоштани ҳифзи ҳуқуқи инсон роҳандозӣ намуда, тадбирҳои судманд дар ин самт аз ҷониби ҳамаи ниҳодҳои давлатӣ, аз ҷумла ҳокимияти судӣ андешида шуда истодаанд.
Қайд гардид, ки масоили инсон ва ҳифзи ҳуқуқҳои фитрӣ ва сиёсии ӯ, меҳвари асосии фаъолияти ҳокимияти иҷроия, қонунгузор ва судӣ ба ҳисоб рафта дар самти амалигардонии ҳадафҳои миллӣ ҷиҳати рушд ва густариши механизми ҳифзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар ҳамгироӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ корҳои назаррасе ба анҷом расонида шуда истодаанд.
Зимни конфронс инъикоси масъалаҳои ҳуқуқи инсон дар воситаҳои ахбори омма яке аз чорабиниҳои муҳим дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон арзёбӣ гардид.




.jpg)





.jpg)

.jpg)

.jpg)
