Рӯзҳои 10-11 декабри соли 2025 шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар остонаи баргузории Иҷлосияи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми занон машварати сатҳи баланд таҳти унвони “Дастрасӣ ба адолати судӣ барои ҳамаи занон ва духтарон” баргузор гардид.
Дар ин муколамаи сатҳи баланд намояндагони Ҷумҳурҳои Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон, инчунин намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҷавонон ва созмонҳои байналмилалӣ иштирок карданд.
Иштирокчиён ба зарурати бартараф намудани монеаҳои сохторӣ ва таҳкими низомҳои адолати судии ҳассос ба масъалаҳои гендерӣ таъкид намуданд.
Судяи Суди Олӣ муҳтарам Саидзода Марзия ба ҳайати намояндагони Тоҷикистон шомил буда, дар баромаду музокироти хеш, аҳамияти таъмини дастрасии воқеӣ ба адолати судиро барои занон ва духтарон, хусусан барои гурӯҳҳои осебпазир, таъкид намуд.
Изҳор гардид, ки адолати судӣ бояд на танҳо дар қонун, балки бо муносибати инсонгароёна, ҳифзи шаъну шараф ва эҳтироми ҳуқуқи ҳар як фард бевосита эҳсос шавад.
Иштирок дар чунин ҳамоишҳои байналмилалӣ имконият фароҳам меорад, ки таҷрибаи миллӣ бо стандартҳои байналмилалӣ ҳамоҳанг гардида, роҳҳои нави таҳкими адолати судӣ роҳандозӣ карда шаванд.



.jpg)





.jpg)

.jpg)

.jpg)
