Имрӯз, 15 декабри соли 2025 дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллӣ даъвати ҳафтум баргузор гардид.
Дар кори иҷлосия Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Мирзозода Рустам Пираҳмад иштирок доштанд.
Дар иҷлосия маҷмӯи васеи қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла вобаста ба фаъолияти судҳо, кодексҳои ҷиноятӣ, маъмурӣ, андоз, тандурустӣ, маориф, оила, фазои ҳавоӣ ва дигар самтҳо баррасӣ ва ҷонибдорӣ шуданд. Ҳамчунин, қонунҳои нав “Дар бораи мақоми омӯзгор” ва “Дар бораи муассисаи таҳсилоти олии касбии дорои мақоми байналмилалӣ” қабул гардиданд.
Дар кори иҷлосия пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаҳои кадрӣ дар мақомоти судӣ баррасӣ гардида, вобаста ба он қарори дахлдор қабул гардид.


.jpg)





.jpg)

.jpg)

.jpg)
