Имрӯз, 15 декабри соли 2025 дар Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунанда баргузор гардид, ки дар кори он намояндагони Суди Олӣ, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Финляндия (ба тариқи маҷозӣ) ва Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон иштирок намуданд.
Аз ҷониби Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласа муовини Раиси Суди Олӣ муҳтарам Тағозода А.С., судяи Суди Олӣ Аланазарзода Ш., ёрдамчии Раиси Суди Олӣ Орзумуродов Ҳ.Ҷ. ва намояндагони воҳидҳои сохторие, ки ҳамкориҳои байналмилалиро ҳамоҳанг месозанд, иштирок карданд.
Дар ҷараёни ҷаласа ҳисоботи мухтасар оид ба амалигардонии марҳилаи III лоиҳаи муштараки “Тақвияти волоияти қонун ва ҳуқуқи инсон ҷиҳати тавсеаи имкониятҳои шаҳрвандон дар Тоҷикистон, дар давраи соли 2025 шунида шуда, нақшаи солонаи фаъолияти лоиҳа барои соли 2026 мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Зимни баррасии масъалаҳо ба тавсеаи дастрасӣ ба адолати судӣ, аз ҷумла барои гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, дастгирии рушди касбии занон дар соҳаи ҳуқуқ, инчунин идомаи татбиқи ташаббуси «Адолати судии электронӣ» таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Қайд гардид, ки дар доираи татбиқи лоиҳа натиҷаҳои назаррас дар самти таҳкими институтсионалии низоми судӣ, ҷорӣ намудани равишҳои муосир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон ва омодагӣ ба роҳ мондани намунаи ибтидоии низоми идоракунии парвандаҳо дар судҳо ба даст омадаанд.
Дар анҷоми ҷаласа ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати идомаи ҳамкориҳои самаранок тасдиқ намуда, самтҳои асосии фаъолияти муштаракро барои давраи минбаъда мувофиқа намуданд.




.jpg)





.jpg)

.jpg)

.jpg)
