Имрӯз, 16 декабри соли 2025 дар Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамошои дастаҷамъонаи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар чорабинӣ судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, Паёми Президенти кишварро, ки самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва масъалаҳои муҳимми ҳаёти ҷомеаро дар бар мегирад, бо диққати хоса тамошо намуданд.
Иштирокчиёни чорабинӣ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун роҳнамо барои фаъолияти минбаъдаи мақомоти давлатӣ, аз ҷумла ҳокимияти судӣ, арзёбӣ намуда, омодагии худро ҷиҳати татбиқи дастуру супоришҳои дар он зикршуда иброз доштанд.
Тамошои дастаҷамъонаи Паём дар фазои созанда ва масъулиятшиносӣ баргузор гардида, он ба баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва масъулияти касбии судяҳо ва кормандони дастгоҳ мусоидат намуд.




.jpg)





.jpg)

.jpg)

.jpg)
