9 декабри соли 2025 дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Хазинаи кӯдакони CMМ дар Тоҷикистон муаррифии шарҳи минтақавии қонунгузорӣ ва сиёсатҳо оид ба мубориза бо истисмори ҷинсӣ ва зӯроварии ҷинсӣ нисбат ба кӯдакон дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид.
Чорабинӣ бо муаррифии натиҷаҳои таҳлили парвандаҳои судӣ вобаста ба ҷиноятҳои зидди дахлнопазирии ҷинсии ноболиғон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфта, дар он судяҳои Суди Олӣ Ҳаким Рухшона, Ализода Набӣ, Ҳафизода Тимур ва намояндаи созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Ҳакимзода Саломат, иштирок намуданд.
Дар ин чорабинӣ намояндагони сохторҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хазинаи кӯдакони CMМ дар Тоҷикистон ва ташкилотҳои ҷамъиятии кишварҳои Осиёи Марказӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.




.jpg)





.jpg)

.jpg)

.jpg)
