Дар даврони соҳибистиқлолӣ миллати куҳанбунёди тоҷик ботаҷрибаву собиқаи давлату давлатдорӣ марҳалаи тақдирсози расидан ба сулҳу ваҳдати миллиро паси сар кард ва дар шоҳроҳи амалӣ намудани нақшаҳои азими созандагӣ, ки ҳадафаш бо тақдири наслҳои имрӯзаву оянда пайванди мустақим дорад, қадамҳои устувор гузошт. Бо ин мақсад ба шарофати истиқлолу озодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон барои амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии дар пеш истода, ҳамаи заминаҳои зарурӣ фароҳам оварда шуд.
Бояд қайд намоем, ки дар кишварамон мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, ба хусус коррупсия яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлат ба ҳисоб рафта, ташаккули заминаҳои ҳуқуқиву сохторӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт таҳким ёфтанд. Робита ба ин, зери роҳбарии Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кушишҳои пай дар пай ҷиҳати қабул ва амалинамоии қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷавобгӯйи манфиатҳои умумимиллӣ ва мукаммалгардонии онҳо ба тасвиб расиданд.
Аз ҷумла, бо дарки хавфи баланд доштани коррупсия, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миқёси давлатҳои Иттиҳодияи Давлатҳои Мустақил яке аз аввалинҳо шуда, соли 1999 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» – ро қабул карда буд. Баъдан вобаста бо ба вуҷуд омадани зарурият ва мутобиқ сохтани қонунгузорӣ оид ба мубориза бар зидди коррупсия ба талаботи Эъломияи СММ дар бораи мубориза бар зидди коррупсия 25 – уми июли соли 2005, №100 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» ва 7 августи соли 2020, №1714 Қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» қабул гардид. Ҳамин тариқ, то ин муддат 3 маротиба барномаҳои давлатии Стратегияҳои муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои муайян ва беш аз 20 адад санадҳои меъёри ҳуқуқии зиддикоррупсионӣ, аз ҷумла тағийру иловаҳо ба қонунгузории амалкунанда қабул ва татбиқ карда шудааст.
Бартараф намудани омилҳои ба коррупсия мусоидаткунанда дар тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пеш аз ҳама дар низоми судӣ яке аз самтҳои асосии муқовимат бо коррупсия маҳсуб меёбад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар аввалин паёми худ ба аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 апрели соли 2001 қайд намудаанд, ки “Вазифаи муҳимтарини ҷомеаи дорои иқтисодиёти бозаргонӣ мубориза бо коррупсия мебошад”.
Дар ин самт, Сарвари давлат ҷиҳати таъмини иҷрои талаботи қонунгузории ҷорӣ мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои дахлдорро ҳамон замон вазифадор намуда буданд, ки иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқиро риоя, амалӣ ва фарҳанги зиддикоррупсионии ҷомеаро баланд бардоранд.
Вобаста ба ин, нақши ҳокимияти судӣ дар пешгирӣ, татбиқсозӣ ва дуруст муайян намудани ҷазо нисбати шахсони гунаҳгор назаррас буда, аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ҳамчун субъекти муқовиматбарандаи коррупсия маҳсуб меёбад. Қабули қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таҷрибаи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ марбут ба гирифтан, додани пора ва ришвадиҳии тиҷоратӣ” аз 19 декабри соли 2008, №11 бо мақсади таъмини татбиқи дуруст ва якхелаи қонунгузорие, ки ҷавобгарии ҷиноятиро нисбати чунин кирдорҳо пешбинӣ менамояд, шаҳодати ин гуфтаҳост.
Лозим ба тазаккур аст, ки ҷиноятҳо марбут ба гирифтан, додани пора ва ришвадиҳии тиҷоратӣ омилҳоеро ба миён меорад, ки ба амният, суботи ҷомеа, арзишҳо ба падидаҳои демократӣ, меъёрҳои ахлоқӣ ва адолат халал расонида, ба рушду устувории давлат ва тартиботи ҳуқуқии он ба таври ҷиддӣ зарар мерасонад. Аз ин лиҳоз, ҷиҳати пешгирӣ ва бартараф намудани сабаб ва шароитҳои содиршавии ин ҷиноятҳо ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ аз ҷониби ҳокимияти судӣ тадбирҳои мушаххасу мақсаднок, дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда ва дастуру супоришҳои роҳбарияти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлисҳои назоратӣ ва ҷаласаҳои ҷамъбастӣ мунтазам амалӣ карда мешавад.
Дар ин замина, пайваста мурофиаи сайёри судӣ роҳандозӣ гардида, чораҳои таъсирбахши пешгирикунанда ва суҳбату мулоқотҳо бо ҷомеаи шаҳрвандӣ бо роҳи тарғиби қонунҳо, огоҳкунӣ ва фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда мешавад.
Бояд хотирнишон сохт, ки таъкидҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат дар паёмҳои ҳамасола ҷиҳати пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия, бахусус оид ба гирифтану додани пора, азонихудкунии маблағҳои давлатӣ, истифодаи мақоми хизматӣ, баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ ва ғайра аз ҷониби кормандони соҳаҳои мухталифи давлатӣ, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ ва суд ба кам кардани монеаҳо дар роҳи рушди соҳибкорӣ, ҷорӣ намудани низоми судӣ, ислоҳоти ҳуқуқӣ ва ба танзим овардани сохтори қонунҳо мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ барои муқовимат ба коррупсия, хатари эҳтимолияти фасодшавии бисёре аз соҳаи фаъолияти давлатӣ ва шаклҳои ҳаёти ҷамъиятиро ба воқеият табдил дод.
Албатта, татбиқи чорабиниҳои мазкур дар самти муқовимат ба коррупсия дар кишварамон басо аҳамиятнок мебошанд, зеро дар шароити гузариш ба идоракунии самарабахши демократӣ, яке аз вазифаҳои муҳими давлат таъмини эътимоди шаҳрвандон ба муассисаҳои мавҷудаи давлатӣ буда, ин як шарти муҳими эҳёи давлати демократӣ ба ҳисоб меравад.
Робита ба ин, дар муборизаи зиддикоррупсионӣ ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд бетараф набошад, то ин ки коррупсия дар мамлакат коҳиш ёбад. Дар ин самт таъкидҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодати он аст, ки “Коррупсия зуҳуроти номатлуб ва барои ҷомеа хатарнок ба ҳисоб рафта, мубориза бар зидди он вазифаи асосии мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як сокини кишвар мебошад”.
Хулоса, амалҳои коррупсионӣ рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоии кишварро халалдор намуда, боиси нигаронии шаҳрвандон ва ноумедии ояндаи хушу хуррами насли ҷавон мегардад.
Аз ин лиҳоз, муқовимати дастаҷамонаи ин зуҳуроти номатлуб метавонад, ба пешгирӣ, бартараф намудан ва паст кардани сатҳи коррупсия дар мамлакат мусоидат намояд.
Нозир – референти
Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шарифзода Суруш Шарифбек

.jpg)





.jpg)

.jpg)

.jpg)
