18 декабри соли 2025 ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятии ташкилоти асосии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи омодасозӣ, бозомӯзӣ ва баланд бардоштани тахассуси кадрҳо барои низомҳои судӣ ба таври маҷозӣ баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа аз Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Тағозода А.С., инчунин Директори Маркази таълимии судяҳо, муҳтарам Зақизода С.А., иштирок намуданд.
Дар ҷараёни ҷаласа масъалаҳои вобаста ба рушди ҳамкории байнидавлатӣ дар самти тайёр намудани кадрҳои судӣ, такмили барномаҳои таълимӣ, истифодаи таҷрибаи пешқадами кишварҳои иштирокчӣ ва мутобиқсозии низоми бозомӯзӣ ба талаботи замони муосир мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Иштирокчиён таъкид намуданд, ки нигоҳ доштани анъанаҳои беҳтарини мактабҳои ҳуқуқӣ дар баробари ворид намудани усулҳои навини таълимӣ заминаи боэътимоди таҳкими мустақилият, касбият ва масъулияти мақомоти судиро фароҳам меорад. Ояндаи адолати судӣ аз сифати дониш ва ҷаҳонбинии кадрҳо оғоз меёбад — ҳақиқате кӯҳна, вале ҳамеша зинда.
Дар фарҷоми ҷаласа пешниҳодҳо ва тавсияҳои муштарак қабул гардида, омодагии ҷонибҳо ҷиҳати идомаи ҳамкории созанда ва пайваста изҳор карда шуд.




.jpg)





.jpg)

.jpg)

.jpg)
