Рӯзи 19 декабри соли ҷорӣ дар ҳошияи сафари расмӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Токиои Ҷопон бо як гурӯҳ донишҷӯёни тоҷик мулоқоти самимӣ доир намуданд.
Дар вохурӣ бо Пешвои миллат, кормандони дастгоҳи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабзода Хисрав ва Амонзода Шаҳром, ки ҳамчун олимони ҷавон дар Ҷопон таҳсил доранд, иштирок доштанд.
Зимни суҳбат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шароити таҳсили донишҷӯён пурсон шуда, бо итминон иброз доштанд, ки онҳо донишу малакаи дар Ҷопон бадастовардаи худро барои рушду пешбурди Тоҷикистони азизамон сафарбар хоҳанд кард.
Роҳбари давлат ҷавононро ба бештар ва амиқтар андӯхтани илму дониш ва малакаҳои беҳтарин дар донишгоҳҳои Ҷопон ҳидоят намуданд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷавонон даъват намуданд, ки бояд ба омӯзиши илмҳои дақиқ, муҳандисиву сохтмон, роҳсозӣ, энергетика, технологияҳои нав ва дигар соҳаҳои муҳим таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд.



.jpg)





.jpg)

.jpg)

.jpg)
