МАҶЛИСИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Имрӯз, 24 ноябри соли 2020 дар Суди Олӣ бахшида ба таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.
Чорабинии мазкурро Раиси Суди Олӣ Шермуҳаммад Шоҳиён ифтитоҳ карда, қайд намуданд, ки мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 24 ноябр ҳамасола Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад.
IMG_8534.JPGҚайд карда шуд, ки Парчами давлатӣ рамзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Тибқи муқаррароти моддаи 3 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчам дар баробари Нишон ва Суруди миллӣ аз рамзҳои давлатӣ маҳсуб меёбад.
Давлатсозӣ ва давлатдории миллати куҳанбунёди тоҷик таърих ва суннати қадима дорад. Аҷдодони мо ҳанӯз аз замони қадим соҳиби парчам буданд ва хушбахтона, имрӯз бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ миллати тоҷик соҳиби Парчами миллӣ, яъне таҷассумгари гузаштаи шоён ва ояндаи дурахшон гардид.
Қайд гардид, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рамзи соҳибистиқлолии Ватан ва дӯстиву баробарии ҳар як сокини мамлакати мо буда, шаҳрвандонро ба зиндагии ором, сулҳу осоиш ва талош ба хотири ҳаёти арзанда, рушду нумӯи ҳаматарафа ва соҳибихтиёрию соҳибдавлатӣ сафарбар менамояд.
Воқеан, парчами давлати соҳибистиқлоли мо инъикоскунандаи таъриху фарҳанг ва расму ойинҳои деринаи давлатдории миллиамон, баёнгари мақсаду мароми сокинони мамлакат буда, дар роҳи бунёди ояндаи дурахшон нерӯву қудрати созандагӣ мебахшад.
Қабули Парчами давлатӣ дар вазъияти ниҳоят мураккаби солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба мардуми мо руҳу тавони тоза бахшида, қувваҳои солими ҷомеаро муттаҳид сохт ва онҳоро нерӯ бахшид, ки таҳти парафшонии он оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро хомӯш карда, қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ ва сохтори конститутсиониро дар кишвар барқарор намоянд.
Дар идомаи маҷлиси тантанавӣ судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди Олӣ маърӯза намуда, доир ба таърихан соҳиби парчам будани миллати тоҷик, моҳияти рангу аломатҳои Парчами миллӣ, нақши Парчами давлатӣ дар муттаҳидию сарҷамъии миллат ва мояи ифтихори ҳар як сокини Тоҷикистон будани он баромад намуданд.IMG_8533.JPG
Аз ҷумла қайд карда шуд, ки Парчами давлатӣ нишони муқаддаси ҳар сокини кишварамон буда, рамзи ҳувият, давлатдорӣ ва рамзи ягонагии халқҳои ин сарзамини биҳиштосо ба ҳисоб меравад. Парчам ифтихор, нанг ва шарафи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст. Парчами давлатӣ симои сиёсии Ватанамонро дар сатҳи ҷаҳонӣ таҷассум мекунад.
Парчами давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳамчун рамзи бахту саодат, сарсабзию хуррамӣ ва сарбаландии миллату давлати тоҷикон, мақсаду ҳадафҳои созандаи ин миллати тамаддунофарро дар баландтарин минбарҳои байналхалқӣ ҷилвагар менамояд, ки ин боиси ифтихори ҳар як сокини кишвар мебошад.
Парчам ҳамчун рамзи миллӣ ва соҳибдавлатӣ бешубҳа омил ва заминаи ҳуқуқӣ, фарҳангӣ ва сиёсию иҷтимоӣ ҷиҳати баланд бардоштани ҳис ва ифтихори миллӣ нақш ва ҷойгоҳи сазовори худро дорад.
Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон партавфишонӣ намуда, ҳамчун нишон аз Истиқлолият миллати тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ карда, дар радифи парчамҳои дигар давлатҳо дар бинои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ барафрохта шудааст.
Ҳамзамон тибқи дастури роҳбарияти Суди Олӣ чунин чорабиниҳои тантанавӣ дар судҳои вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва судҳои ҳарбии гарнизонҳо низ доир карда шуданд.

Бахши иттилооти Суди Олӣ


Бозгашт ба рӯйхат