ҶАЛАСАИ XVI-УМИ РАИСОНИ СУДҲОИ ОЛИИ ДАВЛАТҲОИ АЪЗОИ СҲШ

Рӯзи 24 сентябри соли 2021 ҷаласаи XVI-уми Раисони Судҳои Олии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай бо тариқи онлайнӣ (видеоӣ) баргузор гардид.
Дар ҷаласа раисон ва судяҳои Судҳои Олии Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Федератсияи Россия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Беларус, Ҷумҳурии халқии Хитой, Ҳиндустон, Покистон, Эрон, инчунин Котиби Генералии Созмони ҳамкории Шанхай иштирок ва суханронӣ намуданд.6.jpg
Тибқи барнома дар ҷаласаи мазкур масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор гирифтанд:
- таҷрибаи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир ба рушди адлияи ноболиғон ва баррасии баҳсҳо бо иштироки ноболиғон;
- ҳамкории мақомоти судӣ бо воситаҳои ахбори омма;
- гуманизатсияи қонунгузории ҷиноятии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай;
- рақамисозии (цифровизатсияи) судҳо ва истифодаи технологияҳои иттилоотӣ зимни ба амал баровардани адолати судӣ;
- таҷрибаи судии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир ба баррасии парвандаҳои характери коррупсионидошта;
4.jpgДар ҷаласа Раиси Суди Олӣ ва судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба мавзӯҳои “Гуманизатсияи қонунгузории ҷиноятии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай” ва “Ҳамкории мақомоти судӣ бо воситаҳои ахбори омма” баромад карданд.
Дар ҷаласа инчунин дигар иштирокчиён фикру андешаҳои худро оид ба муҳимияти мавзӯҳои баррасишаванда, қонунгузории кишвари худ, таҷрибаи судӣ ва роҳҳои инкишофи минбаъдаи ҳамкориҳо иброз намуданд.
Дар охири ҷаласа изҳороти муштараки Раисони Судҳои Олии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай қабул гардид,ки дар доираи он минбаъд низ идома додани ҳамкории судманд байни Судҳои Олии давлатҳои аъзо доир ба таҷрибаи пешравиҳои илмӣ-техникӣ, мубодилаи таҷрибаи судӣ барои беҳтар намудани адолати судӣ дар давраи пандемияи ҷаҳонии (глобалии) COVID-19 мувофиқи мақсад дониста шуд.
Маврид ба зикр аст, ки баргузории ҷаласаҳои мазкур ва ҳамкории сарони мақомоти олии судии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай имкон медиҳад, ки робитаи байни Судҳои Олии давлатҳои аъзо таҳким бахшида шуда, ҷиҳати шиносоӣ пайдо кардан аз таҷрибаи судӣ, раванди ислоҳоти судию ҳуқуқии ҳамдигар ва рушди қонунгузории миллии кишварҳои аъзо мусоидат намоянд.
Тибқи таҷриба Раисии ҷаласаи навбатии Раисони Судҳои Олии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашт ва дар назар дошта шудаст, ки ҷаласаи ояндаи Раисони Судҳои Олии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Душанбе баргузор гардад.

Бахши иттилооти Суди Олӣ


Возврат к списку


СОМОНАҲОИ МУФИД