Нишасти матбуотӣ

Имрӯз дар Суди Олӣ оид ба натиҷаи фаъолияти мақомоти судӣ дар соли 2022 нишасти матбуотӣ баргузор гардид.
Дар оғоз Раиси Суди Олӣ Шермуҳаммад Шоҳиён намояндагони воситаҳои ахбори оммаро бо натиҷаи фаъолияти мақомоти судӣ дар соли 2022 ва вазифаҳо барои нимсолаи якуми соли 2023 шинос намуд.
Қайд гардид, ки вазифаҳои мақомоти судӣ тибқи муқаррароти Конститутсия ва қонунҳо ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат, ташкилоту муассисаҳо ва таъмини қонунияту адолат дар ҷомеа буда, бо ҳамин мақсад корҳои муайяне амалӣ карда шуданд.
Тибқи маълумоти оморӣ дар соли 2022 аз ҷониби судҳои ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ 135985 адад парвандаҳои гражданӣ, оилавӣ, ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, дархостҳои мақомоти тафтиши пешакӣ, пешниҳодҳои муассисаҳои ислоҳӣ ва Хадамоти иҷро баррасӣ карда шуданд.
Аз шумораи парвандаҳои баррасигардида 10793 адад парвандаҳои гражданӣ, 49501 адад парвандаҳои оилавӣ, 10972 адад парвандаҳои ҷиноятӣ, 43372 адад парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, 7555 дархостҳои мақомоти тафтиши пешакӣ ва 6304 адад пешниҳодҳои сохтору мақомоти дахлдор мебошанд.
Бояд қайд кард, ки бо мақсади ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии аҳолии кишвар, мусоидат барои коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ ва пешгирии хароҷоти зиёдатӣ, ки ба манфиатҳои иқтисодӣ ва фазои маънавии ҳаёти шаҳрвандон зарари ҷиддӣ мерасонанд, Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардидаст.
Бо мақсади иҷрои талаботи ин Қонун аз ҷониби мақомоти судӣ тадбирҳои зерин андешида шуданд.
Аз ҷумла, соли сипаригардида барои риоя накардани Қонуни мазкур 770 парванда баррасӣ гардида, ба 760 шахс ба маблағи умумии 3 450 372 сомонӣ ҷазои ҷарима татбиқ карда шудаст.
Чи тавре ки маълум аст, таълиму тарбияи дурусти фарзанд дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ, ба камол расонидани насли ояндасози миллат, яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати кишвар ба ҳисоб меравад. Мақсад аз ин пурзӯр намудани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои ӯ мебошад.
Аз ин лиҳоз, ҷиҳати амалисозии сиёсати хирадмандонаи иҷтимоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» қабул гардидаст.
Судҳои ҷумҳурӣ дар самти амалишавӣ ва татбиқу риояи Қонуни зикршуда, корҳои зиёдеро ба иҷро расониданд.
Чунончӣ, дар натиҷаи баррасии 13789 парванда нисбати 5329 ҳуқуқвайронкунандагон ҷазои огоҳӣ ва нисбати 8463 нафар ҷарима ба маблағи умумии 1567490 сомонӣ таъин карда шудаст.
Қайд намудан ба маврид аст, ки дар баробари баррасии саривақтии парвандаҳо, тибқи талаботи қонунгузорӣ ҳангоми муайян кардани ҳолатҳои вайронкунии қонун, риоя накардани ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрванд, вайрон кардани муқаррароти қонун, ки зимни баррасии судӣ ошкор карда мешавад, судяҳо ҳуқуқ доранд нисбат ба онҳое, ки ба камбудиҳо роҳ додаанд, ҷиҳати ҷалб намудани диққати мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шахсони мансабдор ба ин ҳолатҳо ва сабабу шароитҳое, ки ба содир шудани қонунвайронкунӣ мусоидат кардаанд, таъиноти хусусӣ қабул намуда, онро барои андешидани тадбирҳои зарурӣ ба мақомоти дахлдор ирсол намоянд.
Бо ин мақсад, дар соли 2022 дар маҷмӯъ судҳо 24631 таъиноти хусусӣ бароварданд, ки ин шумора нисбат ба соли 2021, 1858 адад зиёд мебошад.
Боиси тазаккур аст, ки яке аз самтҳои асосии баланд бардоштани дониши ҳуқуқии шаҳрвандон ва амалисозии сиёсати ҳуқуқии давлат, ҳамчунин зарурати тақвият бахшидани нақши тарбиявии мурофиаҳои судӣ ва ташвиқу тарғиби қонунҳо ва пешгирии ҷинояткорӣ ин баргузории ҳар чӣ бештари мурофиаҳои сайёри судӣ мебошад. Бо ин мақсад судҳои ҷумҳурӣ дар соли 2022, дар маҷмӯъ 21793 парвандаҳоро дар мурофиаҳои сайёри судӣ баррасӣ намуданд.
Тарбияи ҳуқуқӣ бо дарназардошти арзишҳои ахлоқӣ, фарҳанги миллӣ, мероси таърихӣ ва одату арзишҳои миллӣ амалӣ карда мешавад.
Дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва таълиму тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон санадҳои меъёрии ҳуқуқии зиёд қабул карда шудаст. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 феврали соли 2018 «Дар бораи Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028» ва «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030» аз ҷумлаи онҳост.
Судҳои ҷумҳурӣ баҳри амалӣ намудани барномаи мазкур дар доираи амалисозии Нақшаи дохилиидоравии Суди Олӣ ба таври доимӣ чорабиниҳои гуногуни хусусияти ҳуқуқидоштаро дар байни аҳолӣ ба роҳ монда, ҷиҳати ҳар чӣ бештар гузаронидани мурофиаҳои сайёри судӣ ва самаранокии онҳо чораҳои зарурӣ андешида, бо ҷалби бештари шумораи аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монда, тавассути тамоми воситаҳои ахбори омма доир ба санадҳои судию масъалаҳои рӯзмараи ҷомеа ба аҳолии кишвар ахборот дода, маводҳои ҳуқуқӣ нашр мекунанд.
Чунончӣ, соли сипаригардида судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо тариқи телевизиону радио 3962 маротиба баромад намуда, дар рӯзномаю маҷаллаҳо 1468 хабару мақолаҳоро ба нашр расониданд, ки ин нишондиҳандаҳо низ нисбат ба соли 2021 мутаносибан 388 ва 89 адад зиёд мебошанд.
Ба ғайр аз ин, кормандони мақомоти судӣ дар 10938 чорабиниҳои дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ, ташкилоту идораҳо, муассисаҳои таълимӣ ва қисмҳои ҳарбӣ баргузоршуда иштирок ва суханронӣ намуданд.
Мавриди зикр аст, ки соли сипаришуда бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониш ва маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва дар доираи ҳамкориҳои Суди Олӣ бо шабакаҳои телевизиониву радиоӣ бо иштироки судяҳои судҳои ҷумҳурӣ доир ба мавзӯъҳои ҳуқуқӣ 17 барномаҳои ҳуқуқии «Мурофиа», 22 барномаи «Инсон ва қонун», 34 барномаи «Ҳуқуқи Шумо» ва 49 барномаи «Додгоҳ» таҳия гардида, тариқи «Телевизиони Тоҷикистон» ва «Ҷаҳоннамо» намоиш дода, 52 барномаи радиоии «Маърифати ҳуқуқӣ» сабт ва тариқи мавҷи Радиои «ҒМ-Ховар» пахш карда шуд.


Бозгашт ба рӯйхат