ТРЕНИНГИ ОМӮЗИШӢ

Ҷиҳати амалӣ намудани банди 12 Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенди Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомали Раҳмон, ки дар мулоқот бо судяҳои ҷумҳурӣ рӯзӣ 21 ноябри соли 2019 баён доштанд, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 29 май - 1 июни соли 2023 дар ҳамкорӣ бо Барномаи Мусоидат ба волоияти қонун дар кишварҳои Осиёи Марказӣ-Ҷамъияти ҳамкориҳои байналмилалии Олмон (GmbH GIZ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби судяҳои судҳои шаҳру ноҳияҳои Душанбе ва тобеи ҷумҳурӣ дар мавзӯи “Методикаи оғоз намудан, омодасозӣ ва муҳокимаи судӣ ва таҳияи ҳалномаи судӣ оид ба парвандаҳои гражданӣ дар мурофиаи даъвогӣ” тренинги омузишӣ баргузор намуд. Чорабиниро судяҳои Суди Олӣ Пӯлодӣ М.К. ва Аланазарзода Ш. гузаронданд.


Бозгашт ба рӯйхат