МИЗИ МУДАВВАР

Имрӯз, 20 июни соли 2023 дар Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 26-умин солгарди рӯзи Ваҳдати миллӣ зери унвони “Нақши Ваҳдати миллӣ дар таҳкими фаъолияти муассисаҳои таълимии назди мақомоти Ҷумҳурии Тоҷикистон” мизи мудаввар баргузор гардид.
Чорабинӣ бо ибтикори Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олӣ ташкил ва баргузор гардид.
Ҳадаф аз баргузории мизи мудаввар муаррифии муваффақиятҳо, дастовардҳо ва саҳми муассисаҳои таълимии назди мақомоту идораҳо оид ба омода намудани кадрҳо ва баланд бардоштани сатҳи касбии мутахассисони соҳа мебошад.
Дар кори мизи мудаввар намояндагони Суди Олӣ, Прокуратураи генералӣ, Вазорати адлия, Маркази миллии қонунгузорӣ, Агентии хизмати давлатӣ, Академияи миллии илмҳо, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи Вазорати корҳои дохилӣ, инчунин ташкилотҳои байналмилаливу ҷамъиятӣ иштирок намуданд.
Тибқи барнома дар мизи мудаввар иштирокчиён дар мавзуъҳои “Ваҳдати миллӣ – рукни меҳварии суботи давлат”, “Худшиносӣ – заминаи рушди Ваҳдати миллӣ”, “Нақши Ваҳдати миллӣ дар рушди қонунгузории танзимкунандаи фаъолияти ҳокимияти судӣ ва тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси соҳа” ва дигар мавзуъҳои мубрам баромад намуданд.
Дар мизи мудаввар инчунин масъалаҳои азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ мавриди муҳокима қарор дода шуданд.
Қайд гардид, ки муассисаҳои таълимии назди мақомоти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷодаи азнавтайёркунӣ, бозомӯзӣ, такмили ихтисос, умуман омода намудани кадрҳои соҳибихтисоси соҳа саҳми назаррас дорад.
Бешак ҳамаи ин дастовардҳо аз ҷумла ба туфайли Ваҳдати миллӣ ба даст омадааст, зеро Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима бахшида, барои оғози рушди давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ҳаёти орому осудаи мардуми он шароити мусоид фароҳам овард ва ба ташаккулёбии давлатдории навини тоҷикон сабаб шуд.
Мардуми Тоҷикистон ин санаи сарнавиштсозро ҳар сол бо шукргузорӣ аз Истиқлолияти давлатӣ, давлатдории миллӣ, сулҳу суботи пойдор ва дарки масъулияти баланд дар назди наслҳои гузашта ва имрӯзаву ояндаи кишвар таҷлил менамоянд.
Ваҳдат рамзи воқеӣ ва ҷавҳари фалсафаи сулҳофарӣ, фарҳангсолориву таҳаммулпазирии миллати тоҷик ва таҷассумгари иттиҳоду ҳамбастагии тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад.
Истиқрори сулҳ ва таъмини ваҳдати миллӣ, бемуболиға, яке аз бузургтарин дастовардҳои халқи тоҷик дар охири асри ХХ ба ҳисоб меравад, ки ин аз сиришти сулҳпарварона ва ақлу заковати халқи тоҷик шаҳодат медиҳад.


Бозгашт ба рӯйхат