САФАРИ ОМӮЗИШӢ БА ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН

Рӯзҳои 5-10 июни соли 2023 гурӯҳи корӣ дар ҳайати судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди Олӣ ва суди ноҳияи Рӯдакӣ ба шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафари корӣ анҷом доданд.
Ҳадаф аз баргузории сафари мазкур шинос шудан бо фаъолияти мақомоти судии Ӯзбекистон дар самти коргузории электронии судӣ, инчунин шиносоӣ пайдо намудан аз таҷрибаи истифодабарии унсурҳои электронӣ дар фаъолияти судҳои мазкур иборат мебошад.
Дар ҷараёни сафар ҳайати гурӯҳ дар Суди Олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва судҳои ноҳияҳои Миробод ва Мирзо Улуғбеки шаҳри Тошканд аз раванди коргузории электронии судӣ шинос шуданд.
Иштирок дар сафари мазкур ва омӯзиши таҷрибаи коргузории электронии судии кишвари ҳамсоя минбаъд дар тақвият бахшидани низоми коргузории миллии электронии судӣ самаранок истифода бурда мешавад.



Бозгашт ба рӯйхат