ТРЕНИНГИ ОМӮЗИШӢ

Рӯзҳои 30 июн-1 июли соли ҷорӣ дар шаҳри Хуҷанд дар мавзӯи “Расмиёти маъмурӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо иштироки судяҳои судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд тренинги омӯзишӣ баргузор гардид.
Тренинги мазкур бо ибтикори Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олӣ дар ҳамкорӣ бо Барномаи Мусоидат ба волоияти қонун дар кишварҳои Осиёи Марказӣ-Ҷамъияти ҳамкориҳои байналмилалии Олмон (GmbH GIZ) баргузор гардид.
Ба ҳайси тренерон судяҳои Суди Олӣ Пӯлодӣ М.К., Аланазарзода Ш. ва директори Маркази таълимии судяҳо Завқизода С.А баромад намуда, иштирокчиёни тренинг оид ба ҷанбаҳои муҳими мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ табодули афкор намуданд.
Дар чорабинӣ ҳамчунин коршиноси байналмилалӣ аз суди апеллятсионии шаҳри Кишинёв А.Бостан иштирок намуда, бо шунавандагони тренинг оид ба таҷрибаи байналмилалии расмиёти маъмурӣ муҳокимарониҳо сурат гирифтанд.

изображение_viber_2023-07-05_14-33-57-297.jpg


Бозгашт ба рӯйхат