БОҒИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

Боғи миллии Тоҷикистон – муассисаи ҷаҳонии ЮНЕСКО буда, яке аз боҳашаматтарин мавзеҳои кӯҳӣ дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Дар ин боғ ҷаззобтарин ҷойҳои табиӣ дар ҳудуди 2,5 миллион гектар бо қуллаҳои баланд, кӯлҳо ва дарёҳо, пиряхҳо ва чашмаҳои гарм ва ҳайвоноту набототи нодир ба назар мерасанд

Кӯли табиии “Сарез”, ки соли 1911 дар натиҷаи заминларза ба вуҷуд омадааст, дар ҳудуди Боғи миллии Тоҷикистон ҷойгир мебошад.

Дар боғи мазкур бузҳои кӯҳии “Марко Поло”, бабри сафед, гурбаи тибетӣ ва дигар намудҳои ҳайвонот ва зиёда аз 160 намуд паррандаҳоро дидан мумкин аст.

Боги_милли.jpg


Бозгашт ба рӯйхат